Ҳоло фаҳмидед?!
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Фикр мекунам, инак ҳамагон ҳатто он азизоне ҳам, ки андаке ба “Исроил” тамоюл доштанд, ҳақиқатро фаҳмиданд.
Фаҳмиданд, ки ин “Исроил” ва ин ғуддаи саратонӣ, дар роҳи таҳқиқи аҳдофаш, ҳеч чиз ва ҳеч кас ва ҳеч қонунеро намешиносад; на дӯст мешиносад ва на душман.
Фаҳмиданд, ки ин дарандаи инсонсурат, дар роҳи ҳадафи худ, ҳозир аст ҳамаро бикушад; на зан мешиносад, на кӯдак, на пир мешиносад ва на ҷавон, яксара ҳамаро мекушад.
Як додситон дар Девони Лоҳа (Гаага) ба номи Карим Хон, алайҳи Натонёҳу ва Галлант ба унвони ҷинояткорони ҷангӣ таҳқиқ ва параванда кушода ва хостори муҳокимаи онҳо шуда буд, вале имрӯз алайҳи худи ин бандаи Худо ба унвони ин ки “маняк” будааст, парванда кушоданд ва ӯро аз кор барканор намуданд.
Бо рӯйи кор омадани Тромп, Натонёҳу, ки ҳамдаму дӯсти Тромп аст, дигар ҳеч хатти қирмизе дар ҷилаваш намебинад. Имрӯз ин дарандахӯ ба Сурия низ ҳамла кард.
Ҳеч кас дар дунё ҷуръат надошт ва надорад, ки бо “Исроил” ва ин дарандахӯ дасту панҷа нарм кунад; ҳамаро мезанад, худаш эълон кардааст, ки дунё дар қабзаи ӯст. Азизоне, ки алъон дар Урупо ҳастанд, ин ҳақиқатро шояд аз ман беҳтар бидонанд, бандаҳои Худо агар алайҳи Исроил “лом” бигӯянд, аз кишвари мизбон ронда хоҳанд шуд.
Ҳоло ҳамагон ба назарам фаҳмиданд, ки Меҳвари Муқовимат ва Эрони Исломӣ бо чӣ ҷонваре рӯ ба рӯст!
Иншоаллоҳ Меҳвари Муқовимат ва Эрони Исломӣ ба зудӣ бинии “Исроил”-ро ба хок хоҳад молид ва инро азизон хоҳанд дид!
Мо дар як марҳилаи бисёр сарнавиштсоз дар таърих қарор дорем.
Умедворам, азизон дар ҷиҳати дурусти таърих қарор бигиранд!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн