Фридман: Замони ақибнишинии Исроил фаро расидааст!

Фридман: Замони ақибнишинии Исроил фаро расидааст!

Таҳлилгари барҷастаи омрикоӣ: “Замони ақибнишинии Исроил ва супурдани саҳна ба Ҳамос фаро расидааст!”

Таҳлилгар ва рӯзноманигори барҷастаи омрикоӣ унвон кард: “Замони поёни ҷанг дар Ғазза фаро расидааст, Исроил ҳаргиз аҳдофи мавриди назарро муҳаққақ нахоҳад кард ва Ҷо Бойден бояд дар хусуси Натонёҳу мавзеи қотее иттихоз кунад”.

Ба гузориши рӯзномаи New York Times, Томас Фридман, сутуннависи маъруфи ин рӯзнома, дар мақолаи ахири худ навишт: “Замони он барои давлати Омрико расида, то қотеона ба Исроил иблоғ кунад, ки ҷангаш барои куштори дастаҷамъии Ҳамос ҳаргиз аҳдофашро муҳаққақ нахоҳад кард”.

Вай афзуд: “Давлати Ҷо Бойден, раиси ҷумҳури Омрико, бояд ба Исроил бигӯяд, ки пирӯзии худро дар Ғазза эълом кунад, сипас ҷангро поён дода ва аз роҳе, ки омада бозгардад”.

Фридман дар ин мақола ишора кард, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, ниёзҳои интихоботии худро бар манофеи исроилиҳо авлавият медиҳад.

Вай унвон кард: “Вақти он расида, ки Иёлоти Муттаҳида аз Исроил бихоҳад, ки пешниҳоди зерро барои Ҳамос рӯйи миз бигузорад: ақибнишинии комили Исроил аз Ғазза бар ивази озодии ҳамаи гаравгонҳои исроилӣ ва оташбаси доимӣ таҳти назорати байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони омрикоӣ, НАТО ва арабӣ”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тардиде надошта бошед, ки режими ғосиби саҳюнистӣ аз рӯйи замин решакан хоҳад шуд”
Конфронси байналмилалии Фаластин дар Теҳрон

Матолиби пурбоздид