Ҳузур ва нуфузи Эрон дар чандин кишвари офриқоӣ
Ҷ.И.Эрон дар Офриқо тибқи гузориши шабакаи “Ал-ҳадас”-и Арабистони Саудӣ
Ахбори байналмилал
Телевизиони саудии Алаҳадас, дар гузорише, дар бораи ҳузур ва нуфузи низомӣ ва сиёсии Эрон дар чандин кишвари офриқоӣ аз ҷумла Судон, Ниҷерия, Буркина Фасо, Молӣ, Ниҷер, Эритерия як ба як бо ҷузъиёт матраҳ кард.
Ин шабака гуфт:
“Масъулони эронӣ ахиран ба таври мукаррар аз барқарории равобит бо Офриқо ва истифода аз сарватҳои маъданӣ ва кишоварзии он гуфта ва Офриқоро мақсади ҷадиди содироти маҳсулоти эронӣ аз ҷумла силоҳи пешрафта медонанд.”
Ин гузориш дар идома меафзояд: “Эрон барои эҷоди ин равобит талоши густардае дошта ва аз хуруҷи нерӯҳои бегона (ғарбӣ) аз қорраи Офриқо ва бесубот шудани кишварҳо баҳра бурдааст.”
Гузориш афзуд: “Пас аз ин ки Эрон бо истифода аз Ҳусиҳо тасаллут бар каронаи шарқии баҳри Сурхро тазмин кард, акнун ба суроғи каронаи ғарбии он рафта. Тибқи гузоришҳои урупоӣ, Эрон нуфузи худ аз шохи Офриқоро ба самти соҳили ғарбии ин қорра бо ду абзор: тиҷорат ва силоҳ имтидод бахшидааст.”
Дар идома меафзояд: “Эрон равобити худро бо Ҷибутӣ баъд аз чанд соли қатъи робита, дар 2023 эҳё кард. Пеш аз ин ҳам, равобити худ бо Эритерияро сомон дода буд, ки бо сохти як пойгоҳи низомӣ дар хоки он кишвар ҳамроҳ буд. Аммо дар Судон, фурӯши силоҳи эронӣ ба артиши Судон ин имконро дод, ки ин артиш битавонад бо нерӯҳои вокуниши сареъ ҷанг карда ва хасоратҳоеро ворид карда ва манотиқи мухталифе аз кишварро пасбигирад.”
Гузориш меафзояд: “Гузоришҳое нишон медиҳад, ки Эрон ба дунболи сохти як пойгоҳи дарёии доимӣ дар бандари Порт-Судон аст, ки нишондиҳандаи умқи талошҳои Эрон барои нуфуз дар каронаи ғарбии баҳри Сурх аст.”
Дар идомаи ин гузориш омада: “Аммо дар Ниҷерия, Эрон тавонист гурӯҳи таҳти амри худро ба номи Ҷунбиши Исломӣ (ба раҳбарии Шайх Иброҳим Заказакӣ) эҷод кунад, ки бо дигар ноибони Эрон (мисли Ҳусиҳо) тафовуте надорад. Ҳамчунин Эрон фурсатро ғанимат шумурда ва барои иртибот бо 3 режими мухолифи Ғарб талош кард, ки ба тозагӣ дар Буркина Фасо ва Молӣ ва Ниҷер қудратро ба даст гирифтаанд.”
Дар поёни гузориш мегӯяд: “Ин талошҳо дар ростои истифода аз ихтилофоти раҳбарони ин режимҳо бо кишварҳои ғарбӣ ва ихроҷи нерӯҳои ғарбӣ аз ду кишвари офриқоӣ будааст. Эрон зарурати ҳамкории амниятии байналмилалӣ дар заминаи мубориза бо теруризм дар Офриқоро тарвиҷ мекунад, ки нишондиҳандаи ин аст, ки Эрон қасд дорад ҷойи кишварҳои ғарбиро дар ин кишварҳо пур кунад.”
Қаламонлайн