Ҳушдори вазири дифои Исроил ба Натонёҳу

Ҳушдори бесобиқаи вазири дифои Исроил ба Натонёҳу: “8 моҳ пас аз оғози ҷанги Ғазза, билотаклиф мондаем”

 “Мо бо як таҳдиди печида ва чандҷониба рӯбарӯ ҳастем, ки дар раъси он Эрон қарор дорад”

Ахбори байналмилал

Йоав Галлант, вазири дифои Исроил дар баёнияе ба муносибати солгарди таъсиси режими Исроил, хостори тағйири стратегияи ҷангии Исроил дар набарди Ғазза барои хориҷ шудан аз он чи ки “билотаклифӣ” хондааст, шудааст.

Галлант гуфт, барномаи Эрон ва Ҳизбуллоҳ, дохил кардани Исроил дар ботлоқи Ғазза аст ва ба ҳамин хотир ӯ ба Натонёҳу тавсия карда бо нобудии ҳар чи сареътари Ҳамос ва ҷойгузин кардани ҳукумати ғайрихасмонаи фаластинӣ , чашмандозе барои фардои пас аз ҷанг эҷод кунад.

Ба гузориши рӯзномаи Times of Israel, Галлант гуфт: “Мо бо як таҳдиди печида ва чандҷониба рӯбарӯ ҳастем, ки дар раъси он Эрон ва сиёсати куштори он қарор дорад. Набард дар имтидоди марзи шимолӣ идома дорад ва артиши Исроил садҳо нерӯи Ҳизбуллоҳро аз байн бурда ва нерӯҳои “Ризвон”-ро аз марз дур кардааст. Ба зудӣ мо бояд дар мавриди бозгашти амни шаҳрвандони шимоли Исроил ба хонаҳояшон тасмим бигирем ва ин кор ё аз тариқи тавофуқ ҳосил мешавад ё иқдоми низомӣ.”

Галлант гуфт: ”Алорағми шикасти 7 октябр, артиши Исроил аз лаҳзаи шурӯъи ҷанг, дастовардҳои хориқулодае доштааст. Ин, натиҷаи мустақими руҳияи ҷангандагии мост. Нерӯҳои мо ва фармондеҳони онҳо ба маъмуриятҳои худ ӯҳдадор ҳастанд. Онҳо ҳирфаӣ ва мусаммам ҳастанд. Мутаассифона, ҳамон тавр, ки барои расидан ба аҳдофи худ талош мекунем, баҳои аз даст додани дардноки ҷони бисёре аз сарбозонро низ пардохтаем.”

Ин вазири кобинаи Исроил дар идома гуфт: ”То замоне, ки Ҳамос контроли зиндагии ғайринизомиён дар Ғаззаро ҳифз кунад, мумкин аст бозсозӣ ва тақвият шавад, бинобар ин артиши Исроилро мулзам ба бозгашт ва ҷанг дар манотиқе мекунад, ки қаблан дар он фаъолият доштааст. Мо бояд тавоноиҳои ҳукуматии Ҳамос дар Ғаззаро аз байн бибарем. Калиди ин ҳадаф, иқдоми низомӣ ва эҷоди як алтернатива ва ҳукумат дар Ғазза аст ва дар ғиёби чунин ҷойгузине, танҳо ду гузинаи манфӣ боқӣ мемонд: ҳукумати Ҳамос дар Ғазза ё ҳукумати низомии Исроил дар Ғазза.”

Галлант, бо ишора ба билотаклифии давлати Натонёҳу дар таҳаққуқи аҳдофи ҷангӣ дар Ғазза афзуд: “Манзур аз билотаклифӣ, интихоби яке аз ду гузинаи манфӣ: идомаи ҳукумати Ҳамос дар Ғазза ва ё ҳукумати низомии Исроил бар Ғазза аст. Ин амр дастовардҳои низомии моро аз байн мебарад, фишор бар Ҳамосро коҳиш медиҳад ва шонси дастёбӣ ба чорчӯбе барои озодии гаравгонҳоро хароб мекунад.”

Галлант, бо ишора ба ин ки танҳо гузинаи матлуб барои Исроил, эҷоди як алтенатива ва ҳукумати ғайрихасмонаи фаластинӣ дар Ғазза барои фардои пас аз нобудии Ҳамос ва хотимаи ҷанг аст, афзуд: ”Аз моҳи октябр ин мавзӯъро ба таври мудовим дар ҳайати давлат (кобинаи ҷанг) матраҳ кардаам ва ҳеч посухе дарёфт накардаам. Поёни корзори низомӣ бояд бо иқдоми сиёсӣ ҳамроҳ бошад. “Рӯзи пас аз Ҳамос” танҳо бо ба даст гирифтани контроли Ғазза тавассути ниҳодҳои фаластинии ҳамроҳ бо мо ва ҳамроҳии бозигарони байналмилалӣ ва эҷоди алтернативаи ҳукуматӣ барои ҳукумати Ҳамос муҳаққақ мешавад. Ин беш аз ҳар чиз ба нафъи давлати Исроил аст.”

Вай афзуд: ”Мутаассифона ин мавзӯъ барои баҳс матраҳ нашуд ва бадтар аз он, ҳеч ҷойгузине ба ҷойи он матраҳ нашуд. Билотаклифӣ дар асл як тасмим аст. Ин мунҷар ба масири хатарноке мешавад, ки фикри ҳукумати низомӣ ва ғайринизомии Исроил дар Ғаззаро тарвиҷ мекунад. Ин як гузинаи манфӣ ва хатарнок барои кишвар Исроил аст – аз назари стратегӣ, низомӣ ва аз назари амниятӣ.”

Галлант идома дода: ”Бояд такрор кунам: ман бо истиқрори ҳукумати низомии Исроил дар Ғазза мувофиқ нестам. Масъулияти инҳилоли Ҳамос ва ҳифзи озодии комили амалиёт дар навори Ғазза бар ӯҳдаи ниҳодҳои дифоъӣ ва артиши Исроил аст, бо ин ҳол ин амр ба эҷоди як алтернативаи ҳукуматӣ дар Ғазза бастагӣ дорад, ки бар дӯши давлати Исроил ва ҳамаи аъзои он аст ва иҷрои он амнияти Исроилро барои даҳаҳои оянда шакл хоҳад дод.”

Ӯ афзуд: ”Ман аз Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир мехоҳам, ки тасмим бигирад ва эълом кунад, ки Исроил ҳукумати низомӣ дар навори Ғазза эҷод нахоҳад кард.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаҳои исроилӣ дар бораи ҳамлаи Ҳизбуллоҳ
Ҳамлаи мушакии муқовамати Ироқ ба аҳдофи муҳим дар Исроил

Матолиби пурбоздид