Ҳушдори Модуро ба ИМА

Ҳушдори Модуро ба ИМА

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро бо изҳороти тунде ба Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки кишвараш дар ҳолати зарурӣ омода аст «дандонҳои Амрикоро бишканад».

Ин суханони ӯ дар посух ба он чизе садо дод, ки Мадуро онро фишорҳо ва дахолатҳои Вашингтон дар умури дохилии Венесуэла мехонад.

Ба гуфтаи президенти Венесуэла, мардуми кишвараш «ҳеҷ гоҳ таслим намешавад» ва ҳимояти истиқлолу ҳувияти миллӣ барои ҳукумати Каракас авлавияти асосӣ хоҳад буд.

Изҳороти Мадуро дар шароите матраҳ мешавад, ки равобити Каракас ва Вашингтон дар солҳои охир шадидан ҳамроҳ бо таниш боқӣ мондаанд.

Мақомоти Венесуэла мегӯяд, ки ҳар гуна таҳдиду фишори хориҷиро рад карда, барои дифои манфиатҳои миллӣ омодаанд.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натарс ва ноумед нашав
Усваи комил

Матолиби пурбоздид