Ҳаким чӣ касест?

Ҳаким чӣ касест?
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дунё ҳар чи пеш меравад, бар шумори бесаводҳо афзуда мешавад. Албатта, иштибоҳ нашавад, муродам аз “бесавод” касе нест, ки хондан ё навиштан наметавонад. На! Дар дунёи имрӯз дарсади касоне, ки хондан ва навиштан метавонанд, бо замонҳои пешин қобили қиёс нест, имрӯз тақрибан аксари башари рӯйи замин метавонад бихонад ва бинависад. Манзурам ҳатто мутахассис дар ҳавзаи улуми таҷрибӣ ҳам нест, имрӯз шумори кордону коршиносу дуктуру болотар аз он, дар ҷамиъи улуми таҷрибӣ, фаровонанд.
Балки муродам аз “бесавод”, касе аст, ки қодир ба ташхиси дуруст аз нодуруст ва саҳеҳ аз ғалат набошад.
Босавод касе аст, ки вақте матлабе бар вай арза мешавад, бар мабнои мантиқ, ба арзёбии он мепардозад ва дар бораи он доварӣ мекунад; касе, ки ангезаи ӯ аз қабул ё радди як фикру андеша, фақат мантиқ аст, на ин ки чун аксарият аз фикре пайравӣ мекунанд ва ё чун он андеша бештар сари забонҳост, пас дуруст аст ва дар муқобил, фикру андешае, ки тарафдори андак дорад ва ё аслан дур рехта шудааст, пас мардуд аст.
Ангезаи башари имрӯз дар қабул ё радди як матлаб, бештар ҳамин чизҳост, на мантиқ, мутаассифона.
Агар бихоҳем ин воқеияти талхро расотар баён кунем, бояд гуфт, имрӯз ҳаким дар миёни одамҳо бисёр ангуштшумор аст, агар нагӯем нест. Дар қадим, агар дарсади касоне, ки хондан ва навиштан балад набуданд, зиёд буд, аммо дар миёни босаводҳо ҳакимон буданд.
Имрӯз Суқрот нест, Афлотун нест, Арасту нест, Бӯалӣ нест, Ибни Арабӣ нест, Мавлоно нест. Ин донишмандон, фақат олиму огоҳи сирф набуданд, ҳаким буданд.
Ҳаким дар як калом яъне донишманде, ки қодир ба ташхиси сафед аз сиёҳ, роҳ аз чоҳ, саҳеҳ аз ғалат аст.
Ҳаким яъне касе, ки қодир ба гузоштани ҳар чизе дар ҷойи муносиби худаш аст.
Ҳаким яъне касе мисли Форобӣ, ки вақте дар бораи сиёсат китоб менависад, онро аз ахлоқ ҷудо намесозад.
Ҳаким яъне касе мисли Суқрот, ки ҳозир аст дар роҳи ҳақиқат кушта шавад.
Ҳаким яъне касе мисли Декорт, ки вақте мехоҳад ба ҳақиқат бирасад, аввал тамоми андешаҳояшро дур мерезад ва аз нав шурӯъ мекунад ба сохтани кохи ҳақиқат бар мабнои яқин.
Он чи имрӯз дар ҷаҳони ғарб ба номи “фалсафа” мехонанд, фалсафа ба маънои воқеии он нест, ин ҳикмат нест, балки фалсафаро яъне ин дониши шарифро овардаанд дар арзи улуми таҷрибӣ қарор дода ва ба гумони худ чизе ба номи “фалсафа” дуруст кардаанд. Як донише дуруст кардааанд, ки аввалин вижагии он ин аст, ки барои ақл дар он ҷойгоҳе нест, таҷрибаро ба ҷойи ақл ниҳодаанд, эҳсосу отифаро ба ҷойи хирад гузоштаанд.
Хулоса, дунёи имрӯз, дунёи аҷибу ғарибе шудааст. Инсон мисли як мошин гардида. Ба инсон ба унвони як мошин нигоҳ мешавад.
Ҳудуди 20 сол пеш, ки барои нахустин бор китоби “Лаззоти фалсафа”-и Вил Дуронтро мехондам, ҳарфҳояш бароям аҷибу ғариб намоён мешуданд, бардошти ман аз навиштаҳояш ин буд, ки ин донишманд ва файласуф хоҳони баргашт ба ақаб аст, бо пешрафт ва текнулужӣ мухолиф аст, аммо алъон, ки боре дигар ин китоби гаронмояашро мутолеа мекунам, мебинам сад дар сад дуруст мегӯяд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи араб, пас аз 12 сол
Мавлоно ва мо 

Матолиби пурбоздид