Ҳушдори Такер Карлсон аз паёмадҳои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон
Байналмилал
Такер Карлсон, муҷрӣ ва таҳлилгари маъруфи амрикоӣ, нисбат ба фишорҳо барои кашондани Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг бо Эрон ҳушдор дод ва аз паёмадҳои ҷиддии иқтисодии чунин иқдом изҳори нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, бархе сиёсатмадорони амрикоӣ, аз ҷумла сенатор Линдси Грем, барои ҳимоят аз Исроил талош доранд Вашингтонро ба рӯёрӯии мустақим бо Теҳрон бикашонанд. Карлсон бо интиқоди ин раванд таъкид кард, ки даргирии низомӣ бо Эрон метавонад барои иқтисоди Амрико ва бозорҳои ҷаҳонӣ паёмадҳои сангин дошта бошад.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳар гуна ҷанги нав дар Ховари Миёна на танҳо ҳазинаҳои бузурги молӣ ба бор меорад, балки метавонад боиси афзоиши қимати энержӣ, нооромии бозорҳои молиявӣ ва фишор ба буҷаи дохилии Иёлоти Муттаҳида гардад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки баҳсҳо дар муҳити сиёсии Амрико дар бораи сиёсати хориҷӣ ва равобит бо Эрон ҳамчунон идома дорад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













