Ҳушдори Чин аз эҳтимоли рӯёрӯии мустақим бо Амрико
Ахбори байналмилал
Вазири умури хориҷаи Чин рӯзи шанбе бо ишора ба дахолати Вашингтон дар умури Тайван ҳушдор дод, ки идомаи чунин иқдомҳо метавонад ба рӯёрӯии мустақим миёни Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мунҷар шавад.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Чин, дахолати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаи Тайван хатти сурхи Пекин ба шумор меравад ва ҳар гуна иқдоми таҳриккунанда метавонад паёмадҳои ҷиддии сиёсӣ ва амниятӣ ба бор оварад.
Ӯ таъкид кардааст, ки масъалаи Тайван як мавзӯи комилан дохилии Чин буда, ҳеҷ кишваре ҳаққи мудохила дар онро надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллӣ аз авлавиятҳои асосии сиёсати хориҷии Чин маҳсуб мешавад.
Ин ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки танишҳо миёни Пекин ва Вашингтон дар солҳои ахир бар сари масъалаи Тайван, амнияти минтақаи Осиёи Шарқӣ ва рақобатҳои геополитикӣ афзоиш ёфта, боиси нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст.
Қаламонлайн
qalamonline.net













