Ҳуши маснуӣ; таҳдид ё фурсат барои башарият?

Фарҳанг

Ҳуши маснуӣ; таҳдид ё фурсат барои башарият?

Ҷефри Ҳинтон – созандаи ҳуши маснуӣ: Таҳдиди ин фанноварӣ барои ҷаҳон, мумкин аст “хатарноктар аз тағйироти обуҳавоӣ” бошад

Ҷефри Ҳинтон (Geoffrey Hinton), созандаи ҳуши маснуӣ, рӯзи ҷумъа (5 майи 2023) дар мусоҳибае бо Reuters гуфт, ки ҳуши маснуӣ метавонад таҳдиде хатарноктар аз тағйироти обуҳавоӣ барои башарият бошад.

Ҳинтон, ки ба унвони падари ҳуши маснуӣ шинохта мешавад, ахиран эълом кард, ки пас аз як даҳа кор, ширкати Alphabet-ро тарк кардааст ва гуфт, ки мехоҳад дар мавриди хатароти ин фанноварӣ сӯҳбат кунад бидуни ин ки ин фанноварӣ бар собиқаи ин донишманд таъсир бигузорад.

Ӯ инак аланан аз таҳдиди эҳтимолии ҳуши маснуӣ сухан мегӯяд ва ҳушдор додааст, ки мумкин аст мошинҳо ба ҳуше болотар аз инсон даст ёбанд ва контроли сайёраи заминро дар даст бигиранд.

Ин донишманд гуфт: “Ман дӯст надорам тағйироти обуҳавоиро беарзиш кунам. Намехоҳам бигӯям шумо набояд нигарони тағйироти обуҳавоӣ бошед, аммо ман фикр мекунам ҳуши маснуӣ мумкин аст дар ниҳоят хатари бештаре дошта бошад.”

Вай афзуд: “Бо тағйироти обуҳавоӣ, корҳое, ки бояд анҷом диҳед, бисёр осон аст; фақат сӯзондани карбонро мутаваққиф кунед. Агар ин корро анҷом диҳед, дар ниҳоят ҳама чиз дуруст мешавад. Аммо барои ҳуши маснуӣ аслан мушаххас нест, ки чӣ коре бояд анҷом диҳед.”

Пештар дар моҳи апрел, Илон Маск, мудири Twitter, ба ҳазорон нафар дар имзои номае саркушода пайваст, ки дар он, хостори таваққуфи 6-моҳаи тавсиаи системҳои қудратмандтар аз GPT-4 аст, ки ахиран роҳандозӣ шудааст.

Имзокунандагон шомили Имод Масток, мудири ҳуши маснуии пойдор, муҳаққиқони DeepMind мутаъаллиқ ба Alphabet ва Йошуа Бенҷио ва Стюарт Рассел, аз пешгомони ҳуши маснуӣ буданд.

Дар ҳоле, ки Ҳинтон бо имзокунандагони ин нома мувофиқ аст, ки ҳуши маснуӣ мумкин аст як таҳдиди вуҷудӣ барои башарият бошад, аммо ӯ бо таваққуфи таҳқиқот низ мухолифат кард. Ӯ гуфт: “Акнун ҳуши маснуӣ як хатари вуҷудӣ аст ва ба андозае наздик аст, ки мо бояд дар ҳоли ҳозир бисёр сахт кор кунем ва манобеъи зиёдеро барои кашфи он чи метавонем дар мавриди он анҷом диҳем, ихтисос диҳем.”

Дар Иттиҳодияи Урупо кумитае аз қонунгузорони урупоӣ ба номаи мавриди ҳимояти Илон Маск посух доданд ва аз Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Иёлоти Иуттаҳида хостанд, то бо раиси комиссияи Урупо як нишасти ҷаҳонӣ дар бораи ҷиҳатгирии ояндаи фанноварӣ ташкил диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Бойден бо теъдоде аз раҳбарони ширкатҳои ҳуши маснуӣ, аз ҷумла Сундар Пичаи, мудири Alphabet ва Сэм Алтман, мудири OpenAI дар Кохи сафед гуфтугӯ кард ва қавл дод, ки як “баҳси сареҳ ва созанда” дар мавриди ниёзи ширкатҳо ба шаффофтар будани системҳои худ дошта бошанд.

Ҳинтон гуфт: “Раҳбарони фанноварӣ беҳтарин даркро аз хатароти ҳуши маснуӣ доранд ва сиёсатмадорон низ бояд дар ин мабоҳис мушорикат дошта бошанд, бинобар ин ҳамаи мо бояд дар мавриди он фикр кунем.”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду се ҷумла дар остонаи солгарди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум
Нукоти ахлоқӣ

Матолиби пурбоздид