Забон ва хатти муштарак

Фарҳанг

Забон ва хатти муштарак

Ба далели фузунии иттилоот ва густардагии равобит, асри ҳозирро асли иттилоот ва иртиботот меноманд. Қудрати ҳар кишвар вобаста ба мизони иттилоот ва иртибототи ӯ бо ҷаҳон аст. Дар дунёи имрӯз, бо таваҷҷуҳ ба марзбандиҳо ва тақсимоти сиёсии мавҷуд, қудрат дар ихтиёри касонест, ки битавонанд аз ин марзҳо убур кунанд. Дастёбӣ ба иттилоот ва иртиботот, дар гарави доштани як расонаи қавӣ мебошад. Аз дер боз забон ва хат, яке аз муҳимтарин абзори расонаии тамаддунҳо буда ва ҳаст. Забони муштарак варои ҳар марзу буме боиси эҷоди навъе ваҳдат ва ҳамдилӣ ва ҳамфикрии миёни кишварҳо мешавад.

Дар хабарҳои ахир омада буд, ки кишварҳои туркзабон як комиссиюни вежае барои эҷоди алифбои воҳид ташкил додаанд. Ин созмон шомили Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия аст.

Аммо нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки баъзе аз кишварҳо дар паи эҷоди чунин бастарҳои муштарак ва ҳастанд ва баъзеи дигар, бо вуҷуди иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ ва динӣ, ҳамчунон худро ба надидан мезананд. Аҳамият додан ба забон ва хатти муштарак суръати пешрафти кишварҳоро чанд баробар мекунад. Тоҷикистон як кишвари форсизабон аст ва хат ҳам асолатан форсӣ аст, ки аз он ба унвони алифбои ниёгон ёд мешавад.

Бино ба назари таҳлилгарон, кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, бо таваҷҷуҳ ба ин ки аз лиҳози ҷуғрофиёӣ, дар минтақаи стротежик қарор доранд ва илова бар он аз забон ва хатти муштараке ҳам бархурдоранд, билқувва дорои заминаи пешрафти азиме дар соҳати илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошанд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазфи доллар аз муомилоти тиҷории бархе кишварҳо дар дастури кор аст
Нуфуз ба сабки амрикоӣ

Матолиби пурбоздид