Ҷавон ва донишандӯзӣ

Адаб

Ҷавон ва донишандӯзӣ

Сабки зиндагӣ

Паёмбар (с): Дониш ганҷинаҳоест, ки калиди он пурсиш аст. Бипурсед. Худованд шуморо раҳмат кунад, ки чаҳор гурўҳ подош мебаранд: саволкунанда, посухдиҳанда, шунаванда ва дўстдори онон.

***

Имом Алӣ (а): Ҳар кӣ дар хурдсолӣ бипурсад, дар бузургсолӣ посух медиҳад.

***

Имом Содиқ (а): Ҷавононро бо ҳадис (ва маорифи динӣ) дарёбед, пеш аз он ки афроди мунҳариф бар шумо пешӣ гиранд ва ҷавононатон ба сўи онон бираванд.

***

Имом Содиқ (а): Дўст надорам ҷавонони шуморо бибинам, магар дар ду ҳолат: донишманд ё донишҷў. Агар ҷавоне чунин накунад, кўтоҳӣ кардааст ва агар кўтоҳӣ кунад, табоҳ сохтааст ва агар табоҳ созад, гуноҳ кардааст ва агар гуноҳ кунад, савганд ба он ки Муҳаммадро ба ҳақ ба паёмбарӣ барангехт, дўзахнишин хоҳад шуд.

***

Паёмбар (с): Ҳар кӣ пайваста кўбаи дарро бизанад, дохил мешавад.

***

Имом Алӣ (а): Агар аз коре ҳарос дорӣ, худро дар он бияндоз, зеро таҳаммули дилҳураву ҳарос аз хатар, аз худи хатар душвортар аст.

***

Имом Алӣ (а): Ҳар кӣ ҳимматаш баланд бошад, арҷаш афзун мешавад.

***

Имом Алӣ (а): Ҳаргоҳ чизе талаб мекунӣ, баландҳиммат бош.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтироми обрӯи мӯъмин дар оини ислом
Женероли исроилӣ: “Дар Ғазза шикаст хӯрдаем; ҳамла ба Лубнон яъне нобудии Исроил”

Матолиби пурбоздид