Ҷанги Украина ва тарҳи сулҳи Вашингтон

Ҷанги Украина ва тарҳи сулҳи Вашингтон

Байналмилал

“Тарҳи сулҳ”-и Вашингтон

Бар асоси гузоришоти расонаҳо, раиси ҷумҳури Амрико, Тромп ба Владимир Зеленский, президенти Украина, камтар аз як ҳафта муҳлат додааст, ки тарҳи сулҳи пешниҳоднамудаи Вашингтонро бипазирад.

Тромп дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, рӯзи эҳтимолии имзои тарҳи сулҳ панҷшанбеи 27-уми ноябр аст.

Вай дар суҳбат бо телевизиони “Fox News” гуфтааст, ки “вақт барои чунин қадам комилан муносиб аст”, менависад DW.

“Мо чунин меҳисобем, ки роҳи расидан ба сулҳро ёфтем. Ба ӯ (Владимир Зеленский, дар назар аст, аз идора) лозим меояд, ки онро тасдиқ кунад”, – гуфт ӯ дар Кохи Сафед ҳангоми қабули Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори нави Ню-Йорк.

Доналд Трамп зикр кардааст, ки анҷоми тезтари ҷангро интизор буд ва ба даст овардани оташбас умед дошт.

Президенти ИМА талафоти Русия ва Украинаро дар ин ҷанг бо қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон муқоиса кардааст.

“Дар моҳи гузашта онҳо 25 ҳазор сарбозро аз даст доданд. Мо то ҳол ҳеҷ гоҳ чунин чизро надидаем. Ин Ҷанги дуюми ҷаҳон аст”, — гуфт ӯ.

Ба иттилои “The Washington Post”, тарҳи сулҳи ИМА аз 28 банд иборат аст: аз даст кашидани Украина аз пайвастан ба НАТО то маҳдуд кардани шумораи артиши кишвар ва муҳокимаи эҳтимоли бекор кардани таҳримҳо алайҳи Русия.

Амрико интизор дорад, ки Маскав ва Киев тавонанд созишномаи ниҳоиро то поёни соли 2025 имзо кунанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар, бо таъйиди ин ки тарҳ ба ӯ иблоғ шудааст, гуфт: Онро бо Вашингтон то ҳол “муфассал” баррасӣ накардааст.

Оҷонсии иттилоотии “Reuters” бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки Украина, Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса посух-тарҳи муқобил ба нақшаи амрикоиро таҳия мекунанд. Яке аз манбаъҳо гуфтааст, эҳтимол ба ин кор дигар кишварҳои аврупоӣ низ ҳамроҳ шаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои ғарбӣ, бо истинод ба манбаъҳои худ гуфтанд, ки ИМА таҳдид мекунад, ки интиқоли маълумоти истихборотӣ ва фурӯши силоҳ ба Украинаро қатъ хоҳад кард, то онро маҷбур созад, ки ба нақшаи нави сулҳ розӣ шавад, менависад BBC.

Аз ҷумла «Reuters» навишт, ки Вашингтон ҳоло ба дар ҳар вақти дигар ба Киев фишори бештар меорад ва талаб дорад, ки то 27-уми ноябр созишномаро имзо кунад.

«The Guardian» бо истинод ба манбаъҳои худ дар ИМА хабар дод, ки гурӯҳи генералҳо амрикоӣ, охири ҳафтаи оянда ба Маскав меравад, то “нақшаи сулҳ”-и пешниҳодшудаи Вашингтонро бо намояндагони Кремл баррасӣ кунад. Ҳамзамон, рӯзи шанбе раҳбарони кишварҳои G7 (“Гурӯҳи ҳафт”) ва як қатор давлатҳои G20 (“Гурӯҳи бист”) ҳамин нақшаро дар ҳошияи ҳамоиши дурӯзаи G20 дар Йоҳаннесбург баррасӣ хоҳанд кард.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Украина бар сари дуроҳӣ
Ҳаққи ҳамсафар

Матолиби пурбоздид