Ҷанг – бизнес ё талош барои қудрат

Таҳлили хабарӣ

Ҷанг – бизнес ё талош барои қудрат

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Наворе дастрас шуд, ки аз кушта шудани боз як ҷавони тоҷик дар ҷанги Русияву Укроин ҳикоят мекунад. Ин навор зоҳиран аз тарафи яке аз аъзои хонаводаи кушташуда сабт шудааст. Мутаассифона, бинобар надоштани иҷоза, наметавонам онро нашр кунам.

Яке аз қисматҳои аҷиби ин навор рафтор ва суханони падари ҷавони кушташуда дар бораи писараш аст. Ӯ дар даст медолеро, ки зоҳиран ба писараш баъди маргаш додаанд, нигоҳ медорад ва ҳар замон онро мебӯсад. Ба нафаре, ки ҳамроҳаш нишастааст (ба назарам омад ҳатто бо ифтихор) мегӯяд “военкоми ноҳия ба ҷаноза омада буд. Гуфт Асадуллоҳ барои ҳимояи ватан аз фашистон қаҳрамонона ҷон дод. Қумондонаш ҳам гуфтаст, ки хеле бо шуҷоат меҷангид. Вой бачаи қаҳрамонам!”

***

Аксари ҷангҳо, ки иттифоқ афтодаанду то имрӯз ҳам меафтанд, танҳо бизнес аст. Бизнеси сардамдорони замон ба хотири бақои қудрат, наҷоти сармоя ё ба даст овардани сармояи бештар ва ғайра. Миллионҳо нафар дар ин ҷангҳо кушта мешаванд ва бештарашон ба ин боваранд, ки барои ҳимояи ватану дигар аҳдофи муқаддас ҷон ва ё саломатӣ (ё қисме аз аъзои баданашонро) қурбонӣ додаанд. Бизнеси тақсимнашудаи Гитлеру Сталин ҷони 50 миллион одамро гирифт ва бо гузашти қариб як аср, насли чаҳоруми қурбониёни ин ҷанг ҳам ба ин боваранд, ки бобокалонашон барои ҳадафи муқаддасе чун ҳимояи ватан ҷон додааст. Руси ғосиб омад, молу мулки падарро гирифту худашро ба Сибир “гулаг” кард, чанд сол пас писарро ба ҷанг фиристоду онҷо ба куштан дод, то ҳол набераву абераҳо ватани ғосибро ватан ва ҳимоя аз онро қаҳрамонӣ меҳисобанд.

Имрӯз ҳамон ғосиб набераву абераҳои ҳамон бечораи дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ истифодакардаашро барои ҳамон ҳадаф дубора мебараду ба куштан медиҳад ва падари мақтул пораоҳанаки дар ресмони серанга овезоншудаеро мебӯсаду ифтихор мекунад, ки писараш дар ҳимояи “ватан” қаҳрамонона ҷон додааст.

Аммо чаро? Чаро сардамдорон ин ҳама мардумро ба ин осонӣ гӯл мезананду барои бизнесашон ба куштан медиҳанд ва мардум ҳам хурсанду розист, ки барои ҳимояи ватан, миллат, дин, фарҳанг ва ғайра ҷон додааст? Қотилони ин замон як тараф, чаро Сталини қотили 50 миллион, ки ба мурданаш 73 сол шудааст, то ҳол барои хелеҳо қаҳрамон аст?

Яке аз дақиқтарин посухҳо ба ин суолро беш аз сад сол қабл қотили дигаре бо тахаллуси “Ленин” додааст. Ӯ гуфта буд “аз ҳама ҳунарҳо барои мо муҳимтаринаш кино мебошад”. Ин кали пакана, ки яке аз хунхортарин режимҳоро бунёд карду хуни миллионҳоро рехт, замоне, ки кино тоза ба вуҷуд омад, аҳамияти он дар таблиғоти идеяҳои дурӯғину кушандааш байни оммаи бесаводро дарёфта буд.

Ҳоло ба кино даҳҳо абзори дигар илова шудаанд ва идораи комили ин абзор ҳам ба дасти сардамдорон аст. Ҳамон гуна, ки мӯйсафеди чаласаводи мағзаш бо таблиғоти шӯравиву сталинӣ шахшуда барои ҷонибдориаш аз Сталини хунхор танҳо худаш муқассир нест, аксари онҳое ҳам, ки имрӯз ба ҷанги Русия алайҳи Укроин ҳатто ихтиёран мераванд, гуноҳаш танҳо ба дӯши худашон нест.

Кулли миллат наметавонад босавод бошад. Ҳатто дар Амрико, ки сатҳи огоҳии мардум бамаротиб болост, Трамп баъди ин ҳама аблаҳиҳояш ҳам 35 дарсад ҷонибдор дорад.

Ҳар миллат афроди огоҳ дорад, ки масъулияташон расонидани ҳадди аксари ҳамин огоҳӣ ба дигарон аст. Ба хусус замоне, ки ба миллат хатар таҳдид мекунад.

Ҳоло ба кулли мардону ҷавонони даррусиябудаи тоҷик хатари беш аз қабли бурда шудан ба ҷангу онҷо ҷон аз даст додан таҳдид мекунад. Таҳдиди бузургтар аз ин – ятиму бесарпаноҳ мондани ҳазорон кӯдаку навраси тоҷик дар кишвари бегона бо мардуми қариб саропо миллатгаро мебошад. Ҳамаи занҳо наметавонанд мисли модари Қобилҷон баъди кушта шудани шавҳар ё фарзандашон ба ватан баргарданд. Қисмати ҳамаи онҳо расонаӣ намешавад ва мардум ҳам ба ҳамаи онҳо кӯмак намекунад Балки мешавад бо итимонон гуфт аксари онҳо бинобар дар кишвар набудани ҷои кор, нахоҳанд тавонист ҳатто ба назди падару модари пирашон баргарданд. Ё агар баргаштанд ҳам, рӯзгор дубора маҷбур ба ҳиҷраташон хоҳад кард.

Бино бар ин масъулияти кулли афроди огоҳи миллат аст, ки даст ба кор шаванд ва дар огоҳ кардани муҳоҷирон аз ин хатари бузург ва пешгирӣ аз истифодаи онҳо дар ҷанги бегона саҳм гузоранд. Дар акси ҳол гуноҳи кушта шудани садҳо ё шояд ҳазорҳо нафари дигар ва ятиму бесарпаноҳ мондани кӯдакони зиёди миллат дар кишвари бегона ба дӯши ҳамаи онҳо хоҳад буд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро Эрон исрор дорад музокирот дар Истанбул баргузор нашавад
Оё дар ҷанги Укроин бештар тоҷикону доғистониҳо кушта мешаванд?

Матолиби пурбоздид