Ҷиҳоди Исломии Фаластин: “Режими саҳюнистӣ товони терури Ал-Оруриро хоҳад дод”
Ахбори байналмилал
Farsnews
Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, ҷинояти ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Лубнон ва терури ноиби раиси дафтари сиёсии Ҳамосро маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Эҳсон Атоё, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, ҷинояти режими саҳюнистӣ мабнӣ бар терури Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва фармондеҳи аршади Катоиби Қассом, шохаи низомии ин ҷунбишро маҳкум кард.
Атоё таъкид кард, ки режими ишғолгар товони ҷиноятҳои худ бавежа терури Солеҳ ал-Оруриро хоҳад дод.
Дар ҳамин иртибот Моҳир Тоҳир, аз раҳбарони Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин низ таъкид кард, ки интиқоми хуни шаҳид Солеҳ ал-Оруриро хоҳанд гирифт.
Farsnews
Қаламонлайн