Ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Покистон аз ҷониби Тоҷикистон

Ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Покистон аз ҷониби Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Тибқи гузоришот, корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводди сӯхт, аз Тоҷикистон ба мақсади Покистон, озими сафар гардиданд.

Ирсоли ин кумакҳо дар паи шиддат гирифтани буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи номуносиби беҳдоштӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Покистон, аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Арзиши куллии кумакҳо 19 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки шомили 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равған, 100 тонна гандум, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1,5 ҳазор тонна ангиштсанг, 2 ҳазор тонна семент, 5 ҳазор адад шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собун ва маводди шӯянда мебошад.

Лозим ба ёдоварист, Тоҷикистон моҳи сентябр низ ба кишвари Покистон кумакҳои башардӯстона ирсол намуда буд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Бойден ва Макрон: Ба эътирозоти шуҷоонаи мардуми Эрон эҳтиром мегузорем!

Матолиби пурбоздид