Ҷомаи воруна

Таърих

Ҷомаи воруна

Сухане бисёр пурмазмун аз шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

“Фикри мусалмонон, тарзи талаққии мусалмонон аз ислом, ба сурати зиндае нест, ба сурати мурдааст… Таъбири латифе дорад ҳазрати Алӣ (а); ояндаи ислом ва мусалмононро зикр мефармояд:

وَلُبِسَ الْإِسْلَامُ لُبْسَ الْفَرْوِ مَقْلُوباً

(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 107) Яъне мардум ҷомаи исломро ба тан мекунанд, вале ончунон, ки пӯстинро воруна ба тан кунанд.

Пӯстин дар зимистон барои дафъи сармост. Як вақт пӯстинро меандозанд дур, лухту урён дар муқобили сармо зоҳир мешаванд. Ва як вақт пӯстинро мепӯшанд, аммо на он тавр, ки бояд бипӯшанд, балки қисмати пашмдорро берун мегузоранд ва қисмати пӯстро мепӯшанд. Дар ин сурат, на танҳо гармо надорад ва баданро гарм намекунад, балки ба як сурати музҳик ва ваҳшатнок ва масхарае ҳам дармеояд.

Мефармояд: исломро мардум чунин хоҳанд кард, ҳам доранд ва ҳам надоранд. Доранд, вале чун онро воруна кардаанд, он чи бояд рӯ бошад, зер аст ва он чи бояд дар зер қарор бигирад, дар рӯ қарор гирифтааст. Натиҷа ин аст, ки ислом ҳаст, аммо исломи бехосият ва беасар; исломе, ки дигар наметавонад ҳарорат бидиҳад, наметавонад ҳаракат ва ҷунбиш бидиҳад, наметавонад нерӯ бидиҳад, наметавонад басират бидиҳад, балки мисли як дарахти пажмурдаи офатзадае мешавад, ки сари по ҳаст, аммо пажмурда ва афсурда, барг ҳам агар дорад, баргҳои пажмурда бо ҳолати зору низор аст…”

(Эҳёи тафаккури исломӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: Исроил тавони идомаи ҷанг алайҳи Ғаззаро надорад
Пас онгаҳ чӣ фарқ аз санам то Самад?

Матолиби пурбоздид