Ҷосусии кишварҳои ғарбӣ ба нафъи Украина

Ҷосусии кишварҳои ғарбӣ ба нафъи Украина

Ахбори байналмилал

Намояндаи Русия дар Созмони Милал: Ғарб ба Украина маълумоти иктишофӣ ва ҷосусӣ медиҳад

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милал, дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, ки Маскав аз кумакҳои иктишофии кишварҳои ғарбӣ ба нерӯҳои Украина огоҳ аст.

Ӯ таъкид кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба артиши Украина маълумот барои муайян кардани ҳадафҳо медиҳанд. Небензя дар ҷаласаи марбут ба ҳамла ба донишкадаи Старобелск дар Луҳанск гуфт, нерӯҳои украинӣ ба хобгоҳи ин муассиса ҳамла карданд, то талафоти ғайринизомиёнро бештар кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла шабона ва дар ҳоле анҷом шуд, ки хобгоҳ пур аз донишомӯзон буд. Пештар Владимир Путин эълон карда буд, ки бар асари ҳамлаи паҳподии Украина ба хобгоҳи коллеҷ дар Старобелск 6 нафар кушта ва 39 наврас захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ хост, ин ҳамларо маҳкум кунанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

СММ посухгӯии Исроил дар баробари  фаъолони Сумудро хостор шуд
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор…

Матолиби пурбоздид