Абдулборӣ Атвон: “Ҳамос Арабистони Саудиро аз тангнои оддисозии равобит наҷот дод”

Таҳлили хабарӣ
Абдулборӣ Атвон: “Ҳамос Арабистони Саудиро аз тангнои оддисозии равобит наҷот дод”
Таҳлил
Сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм” изҳор дошт, Ҳамос бо хориҷ кардани Арабистони Саудӣ аз доираи оддисозии равобит бо Исроил, ин кишварро наҷот дод.
Абдулборӣ Атвон гуфт:
“Исроил бо шикастҳои паёпай мувоҷеҳ аст ва дар муқобил муқовамат пирӯзиҳои паёпай дорад. Вақте аз шикаст мегӯем, мақсуд ҳам шикасти низомӣ ва ҳам сиёсӣ аст, аммо шикастҳои низомӣ ба маротиб бештар аст. Вақте ҳамлаи заминии Исроил ба навори Ғазза бо таъхир мувоҷеҳ шуд яъне ба шиддат ҳаросонанд ва қодир нестанд ин ҳамларо оғоз кунанд.
Бори дигар таъкид мекунам, муқовамат чизеро аз даст надода ва тамоми зерсохтҳояш дар Ғазза ҳамчунон ба ҳоли худ боқист, ҳамла дар ҷануби Хон Юнус ва инҳидоми се тонки душман шоҳиде бар ин муддаост ва ин иттифоқ барои яко яки тонкҳои Исроил дар сурати вуруд ба Ғазза иттифоқ хоҳад афтод.
Энтони Блинкен, ки худро як яҳудӣ медонад ва ба ҷойи он ки ба унвони вазири умури хориҷа худро дар ҷойгоҳе муаррифӣ кунад, ки нигоҳи ҳамсоне ба ҳамаи мардум ва миллатҳо дорад, аммо дар иқдоме нажодпарастона, ба нажоди яҳудии худ фахрфурӯшӣ мекунад‏, ба минтақа сафар мекунад ва маъмурияти асосиаш бозорёбӣ барои тарҳи кӯчи иҷбории сокинони навори Ғазза аст, аммо дар ин замина ҳеч дастоварде насибаш намешавад ва ноком мемонад. Ҳама дар баробари ин хоста, мухолифати худро иброз доштанд. Ҳеч фаластиние хоҳони он нест, ки бори дигар кӯч кунад ва ба саҳрои Сино биравад.
Исроил агар тавони ҳамлаи заминӣ ба навори Ғаззаро дошт, то ба алъон ин ҳамларо оғоз карда буд. Таъхир дар ин ҳамла, нишони тарс ва воҳима аст. Кишварҳои арабӣ ҳам бо барпоии тазоҳуроти миллионӣ дар ҳимоят аз муқовамат вокуниш нишон доданд. Дар Ироқ тазоҳуроти миллионӣ баргузор шуд. Дар Ӯрдун мардум ба самти марзҳо ҳаракат карданд ва дар сурати лузум ба марзҳо юриш мебаранд. Дар Алҷазоиру‏ Яман ва ғайра низ чунин ҳаракатҳоеро шоҳид будем. Кор ба ҷойе расид, ки Омрикои муддаии ҳуқуқи башар ва демукросӣ сухане дар ин бора намегӯяд ё ҳатто Исроилро маҳкум накардааст. Албатта дар муқобил ҳеч кишвари арабӣ ҳам Ҳамосро маҳкум накард, балки нуқтаи муқобили муқоваматро маҳкум кардаанд.
Дар Арабистони Саудӣ оддисозиро ба таъхир андохтаанд. Кишварҳои арабӣ дар сафари Блинкен ба ӯ гуфтанд, ин таниш натиҷаи ҷиноёти Исроил ва бетаваҷҷӯҳии ҷаҳон ба ҳуқуқи машрӯъи фаластиниён аст. Дар воқеъ Ҳамос мӯҷиб шуд, то Арабистони Саудӣ аз доираи оддисозӣ хориҷ шавад ва ин наҷоти Арабистон аст. Ҳамчунин муқовамат сабаби бозгардондани Миср ба оғӯши аъроб шуд ва ҳоло ин кишвар дар пайи бозёбии нақш ва ҷойгоҳи асосии хеш аст. Ба Миср пешниҳод шуда буд, дар баробари искони ду миллион нафар аз сокинони Ғазза дар Сино, даҳҳо миллион доллар кӯмаки молӣ дарёфт кунад ва бадеҳии кишварро адо кунад, аммо Қоҳира напазируфт.
Ин мо ҳастем, ки нақшаи ҷадиди Ховари Миёнаро тарсим мекунем, на Натонёҳу, Исроил ва Омрико. Дар ин замина муқовамат дар пушти фармон қарор дорад. Ҷангҳои хиёбонӣ ва шаҳрӣ дар интизори ишғолгарон аст. Тавонмандии муқовамат ҳамчунон болост. Муқовамат буд, ки ҳамла кард, бахши зиёде аз ҷануби Исроилро ба контрол даровард ва бар беш аз 35 шаҳрак мусаллат шуд. Шеваеро барои ҳуҷум иҷро карданд, ки дар донишкадаҳои низомии шарқу ғарб тадрис хоҳад шуд. Ҳол ҳамин муқовамат барои муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи заминии Исроил ба навори Ғазза барномарезӣ кардааст. Ҳанӯз қудрати муқовамат ба таври куллӣ аён нашуд ва онон мунтазири набарди бузург ҳастанд яъне набарде, ки бо вуруди тонкҳои исроилӣ ба навори Ғазза оғоз хоҳад шуд. Имрӯз тамоми муқовамат омодаи муқобила ва тамоми мардуми навори Ғазза омодаи шаҳодатанд. Ҷанги Ғазза натиҷааш расидан ба ҳаққи бозгашт барои оворагон аст.
Имрӯз ҳатто мавзеъи Русия тағйир ёфт. Вақте Абӯалӣ Путин мегӯяд, Ғазза ба Ленинград шабеҳ шуд, мақсуд Ленинграде аст, ки дар баробари нозиҳо муқовамат карда ва ба пирӯзӣ расида буд. Имрӯз муқовамат дар навори Ғазза дар пайи халқи ҳамоса аст.
Бархе мепурсанд, пас Меҳвари муқовамат куҷост? Бояд бидонем шароити ҷангӣ аст ва тасмими муқовамати Фаластин бар ин асос аст, ки бахше аз Меҳвари муқоваматро ташкил медиҳад. Вақте аз ин зовия тасмимгирӣ мешавад яъне Меҳвари муқовамат бояд мудохила кунад. Агар навори Ғазза танҳо бошад ҳама чизро аз даст медиҳад ба ҳамин далел баъид намедонам, ки дар ин замина барномарезӣ шуда бошад. Сафари Амирабдуллоҳиён ба Сурия ва Лубнон барои тафреҳ набуд. Ба назари ман ин сафар ҷиҳати омода шудан барои марҳилаи оянда аст. Бар асоси иттилооти ман вазири умури хориҷаи Эрон бо Сайидҳасан Насруллоҳ нишасте ҳаштсоата дошт ва сукути Сайидҳасан Насруллоҳ бемафҳум нест. Шароити мо муносиб аст‏. Блинкен ва Бойден ноком монданд, Исроил ба дурӯғпароканӣ мутавассил шуд. Бойден ин иддаоро, ки аносири муқовамат кӯдаконро сар буриданд, ба забон оварда буд, аммо маҷбур шуд ақибнишинӣ кунад. Дар муқобил Исроил хабарнигоронро дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор дод, то воқеиятҳоро ифшо накунанд. Мо дар масири пирӯзии бузург ҳастем ва Исроил дар масири фурӯпошӣ аст, Натонёҳу ва артишаш дар нуқтаи поёнанд.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шоҳроҳи фатҳи иззатбори Қудс
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба мавозеи низомиёни исроилӣ

Матолиби пурбоздид