Ҷанги тӯлонӣ ва фарсоишӣ Русияро заиф мекунад

Таҳлили хабарӣ

Ҷанги тӯлонӣ ва фарсоишӣ Русияро заиф мекунад

Таҳлил

Аз замони оғози ҷанги Украина то ба имрӯз, ҷаҳони ғарб як сиёсати дугонаро дар пеш гирифтааст. Ҳарчанд ин кишварҳо иддао доранд, ки дар паи роҳкоре барои поёни ҷанг ва поён додан ба бӯҳрони ба вуҷудомада ҳастанд, аммо дар амал, шоҳиди он ҳастем, ки ҳар замон ки қадре аз табу тоби даргириҳо дар Украина коста мешавад, иқдомоте аз ҷониби ғарб сурат мегирад, ки ба афзоиши даргириҳо доман мезанад. Ин масъала нишондиҳандаи он аст, ки ғарб мехоҳад танури ҷанг дар Украина доғ бимонад. Ба таври мисол, чанд рӯз пеш буд, ки расонаҳо хабари таҳвили сомонаи мушакии Патриот аз сӯи Амрико, Ҳоланд ва Олмон ба Украинаро мунташир карданд; мавзӯе, ки метавонад беш аз пеш оташи ҷангро дар ин кишвар барафрӯхта кунад.

Аммо чаро ғарб чунин рӯйкардеро дар пеш гирифтааст?

Барои посух ба ин суол метавон чанд фарзияро дар назар гирифт; нахуст он ки ба назар мерасад, ғарб бо тӯлонӣ ва фарсоишӣ кардани ин ҷанг, дар паи он аст то осебҳои ҷиддӣ ба рақиби муҳимми байналмилалиаш, яъне Русия ворид кунад.

Мавзӯи дигаре, ки аҳамият дорад, баҳси манофеи молӣ аст. Коршиносон бар ин боваранд, ки ҳар қадар ки ҷанг идома ёбад, қарзҳои Украина ҳам ба кишварҳои узви НАТО афзоиш меёбад.

Ин коршиносон бар ин боваранд, ки дар равобити байналмилал, чизе ба номи ҳадя ва садақа ва умури хайрия вуҷуд надорад, бинобар ин, ҳар кишваре, ки силоҳ дар ихтиёри Украина қарор додааст, бар асоси шурути молӣ ва замонат ин корро анҷом дода ва давлати Украина бояд зарфи солҳои оянда ин қарзро пардохт намояд.

Аз тарафи дигар, шавоҳид баёнгари он аст, ки ғарб аз тадовуми ҷанги Украина ба дунболи муттаҳамсозии кишварҳои дигар ба ҷангафрӯзӣ аст, кишварҳои ғарбӣ талош мекунанд бо муттаҳамсозии Чин ва Эрон ба таъмини таслиҳоти мавриди ниёзи Русия, дар ҷанги Украина, Пекин ва Теҳронро ба унвони як тарафи мунозиа муаррифӣ кунанд, то бо ин тарфанд ҳар гуна ибтикори сулҳро пеш аз шакл гирифтан дар нутфа хафа кунанд.

Мавриди унвоншуда посухи суолеро, ки дар хусуси чароии рӯйкарди дугонаи ғарб матраҳ шуд, рӯшан месозад, бо ин ҳол, гузашти замон метавонад, розҳои дигареро ошкор созад, ҳарчанд ки кишварҳои ғарбӣ чандон моил ба рӯнамоӣ ва ошкор шудани онҳо нестанд. Масоили пӯшида ва розҳое, ки ҳомили сигнолҳои маънодоре ба вижа барои давлати Украина ҳастанд ва аз бозигарии мунофиқонаи давлатҳои ғарбӣ дар робита бо муодилаи ҷанги Украина ҳикоят доранд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Поёни ҷанги Украина қобили пешбинист
Амрико ва Исроил дар Осиёи Марказӣ ба дунболи чӣ ҳастанд?

Матолиби пурбоздид