Абуабдулло Рӯдакӣ

Таърих

Абуабдулло Рӯдакӣ

Рӯдакӣ дар Луғатномаи Деҳхудо
Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибн Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одами Рӯдакии Самарқандӣ муканно ба Абӯабдуллоҳ, аз шуъарои ширинзабони форсӣ аст. Вай ба соли 329 ҳ.қ. дар Рӯдак вафот ёфт. (Лубобул-ансоб) Оқои дуктур Сафо дар “Таърихи адабиёт дар Эрон” орад:
Куния ва ному насаби Рӯдакӣ дар “Ал-ансоб”-и Самъонӣ, Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одам ёд шуда ва дар “Тазкира”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ ва “Оташкада”-и Озари Бегдилӣ ва “Маҷмаъул-фусаҳо”-и Ҳидоят, Абулҳасан омада ва қавли Самъониро ба сабаби қидмат саҳеҳтар метавон пиндошт ва вайро ба сабаби интисоб ба Рӯдаки Самарқанд, Рӯдакӣ гуфтаанд.
Мавлиди Рӯдакӣ дар қаряи Банҷ аз қурои Рӯдаки Самарқанд буд. Банҷ аз қурои бузурги Рӯдак ва маркази он буда ва ба ҳамин сабаб ба Банҷи Рӯдак шӯҳрат доштааст. Вилодати Рӯдакӣ ба ҳадс бояд дар авосити қарни севвум иттифоқ афтода бошад.
Аз оғози ҳаёти ӯ ва кайфияти таҳсилоташ иттилоъи дақиқ дар даст нест. Авфӣ гуфтааст, ки “чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт чунонки халқ ба вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд ва ӯро Офаридагори Таъоло овозе хуш ва савте дилкаш дода буд ва ба сабаби овоз, дар мутрибӣ афтода буд ва аз Абулъабаки Бахтиёр, ки дар он санъат соҳиби ахбор буд, барбат биёмӯхт ва дар он моҳир шуд… Ва амир Наср ибни Сомонӣ ӯро ба қурбати ҳазрати худ махсус гардонид ва кораш боло гирифт…”
Авфӣ дар муқаддимаи ҳамин суханон навиштааст, ки “аз модар нобино омада”, лекин Самъонӣ ва Низомии Арӯзӣ ва соҳиби “Таърихи Систон”, ба кӯрии ӯ ишорате надоранд. Аммо аз шоирони қарибулъаҳд ба ӯ, ишороти сареҳ дар ин бора дар даст аст. Аз тарафе дигар, дар ашъори шоир ба ишороте бозмехӯрем, ки далолат бар биноии ӯ дар як замон мекунанд ва ин ишорот мояи ҳайрати хонанда мешавад, чунонки ё бояд дар сиҳҳати ин абёт ва ё дар сиҳҳати нақли онҳо тардид кард ва ё пиндошт, ки Рӯдакӣ дар қисмате аз зиндагонии худ бино буда ва баъд кӯр шудааст.
Рӯдакӣ бино ба тасреҳи Самъонӣ дар “Ал-ансоб”, ба соли 329 ҳа. қ. дар мавлиди худ яъне қаряи Банҷ даргузашт ва ҳамонҷо ба хок супурда шуд.
Мамдӯҳони Рӯдакӣ: Рӯдакӣ ба дарбори Оли Сомон ва аз миёни Сомониён ба амири саъид Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил (301-331) ихтисос дошт. Аммо баъид нест, ки пеш аз амир Наср, дарбори подшоҳи дигар яъне масалан Аҳмад ибни Исмоил (мутаваффо дар 301)-ро низ дарк карда бошад.
Дигар аз мамдӯҳони Рӯдакӣ, амир шаҳид Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Халаф ибни Лайс маъруф ба Бонавайҳ аз умарои саффорӣ буд, ки аз соли 311 то 352 ҳ.қ. ҳукумат мекард.
Дигар аз мамдӯҳони Рӯдакӣ, Мокон ибни Кокӣ ва Абулфазли Балъамӣ, вазири маъруфи сомонӣ аст. Ин вазири донишманд бино ба ривояти Самъонӣ, ӯро дар миёни арабу аҷам беназир медонист ва инъоми ҷазили ӯ ба Рӯдакӣ забонзади шоирони баъд буд ва зоҳиран мушаввиқи Рӯдакӣ дар назми “Калила ва Димна”, ҳамин вазири донишманд будааст.
Ашъор ва осори Рӯдакӣ: Рӯдакӣ мусалламан яке аз бузургтарин шоирони Эрон аст. Самъонӣ дар васфи ӯ гуфтааст:
قیل إنه أول من قال الشعر الجید بالفارسیة وقال أبوسعد الادریس الحافظ: ابوعبدالﷲ الروذکي کان مقدماً في الشعر بالفارسیة في زمانه علی أقرانه
(Тарҷума: Гуфта шуда, ки ӯ (Рӯдакӣ) аввалин касе аст, ки ба порсӣ шеъре некӯ гуфт ва Абӯсаъиди Ибриси Ҳофиз гӯяд: Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар шеъри порсӣ, дар замони худаш муқаддам бар ҳамтоёни хеш буд. С.И.)
Таваҷҷӯҳе, ки шуъарои бузурги Эрон аз қабили Шаҳиди Балхӣ ва Касоӣ ва Низомии Арӯзӣ ва Унсурӣ ва Фаррухӣ ва Сӯзанӣ ба сухани Рӯдакӣ дошта ва ағлаб ба тазмини ашъори ӯ ё зикри азамати вай дар шоирӣ мубодарат варзидаанд, ҷумлагӣ муайиди сухани Самъонӣ аст.
Дар касрати ашъори Рӯдакӣ баҳсе нест ва ҳадди ақал ашъори ӯро ба сад ҳазор байт тахмин задаанд, аммо акнун аз он ҳама ашъор ҷуз чанд қитъа ва қасида чизе дар даст нест.
Муҳимтарин асари Рӯдакӣ, ки акнун ҷуз абёти парокандае аз он боқӣ намонда, “Калила ва Димна”-и манзум аст, ки ба фармони амир Наср анҷом шуд ва гӯё Абулфазли Балъамӣ дар ин кор бетаъٔсир набуд. Ин манзума, маснавӣ ва ба баҳр рамли мусаддас суруда шудааст.
Рӯдакӣ ғайр аз “Калила ва Димна” маснавиҳои дигаре низ дошт ва аз он ҷумла аст як маснавӣ ба баҳри мутақориб ва як маснавӣ ба баҳри хафиф ва як маснавӣ ба баҳри ҳазҷи мусаддас ва як маснавии дигар ба баҳри сареъ, ки аз ҳамаи онҳо абёти парокандае дар даст дорем. (Аз “Таърихи адабиёт дар Эрон”, таълифи дуктур Забеҳуллоҳи Сафо, ҷ.1 с.с.374-391)
(Тасвири Рӯдакӣ, ки тавассути ҳуши маснуъӣ таҳия шуда)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тафриқаи муслимин – ранҷи Расулуллоҳ(с)
Таҳдиди зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид