Агар зулмат набуд, нур шинохта намешуд

Фарҳанг

Агар зулмат набуд, нур шинохта намешуд

“Ин ду (нур ва зулмат)-ро башар ба муқоисаи якдигар мешиносад. Агар ҳамеша ҷаҳон ва ҳар нуқтае аз ҷаҳон нуронӣ буд ва ҳеч гоҳ торик намешуд ва як нуронияти якнавохт дар ҳама нуқтаҳо буд ва зулмат ба ҳеч ваҷҳ набуд, инсон худи нурро ҳам намешинохт. Яъне наметавонист тасаввур кунад, ки нуре ҳам дар олам ҳаст; наметавонист бифаҳмад алъон, ки ҳама чизро мебинад, ба воситаи нур мебинад. Нур аз ҳама чиз зоҳиртар ва равшантар аст, айни зуҳур аст, вале зуҳури ӯ (барои шинохтан) кофӣ набуд. Ва ин нақс аз мост, на аз нур. Акнун, ки нурро дарк мекунем, барои ин аст, ки нур заволу уфул дорад, зулмат ва торикӣ пайдо мешавад. Ба кӯмаки омадани зулмат ва уфули нур, мефаҳмем, ки қаблан чизе буд, ки ба василаи он чиз ҳама чиз ва ҳама ҷоро медидем ва агар ин нур уфулу ғуруб намедошт, ҳаргиз мавриди таваҷҷӯҳ ва илтифоти мо воқеъ намешуд. Пас нур ба кӯмаки зидди худаш, ки зулмат аст маъруф ва шинохта шуда ва агар ҳам саросар зулмат буд ва нур набуд, боз зулмат шинохта намешуд…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Бист гуфтор)

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу Ансоруллоҳи Яманро таҳдид кард
Вазорати хориҷаи Исроил сафири Ватиканро ҷиҳати эътироз, эҳзор намуд

Матолиби пурбоздид