Агар интихобот имрӯз баргузор мешуд, қатъан Тромп пирӯз буд
Назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки дуруст як сол пеш аз баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, Тромп дар 5 аёлат аз 6 аёлате, ки муҳимтарин конунҳои муборизаи интихоботӣ ҳастанд, Бойденро шикаст медиҳад, ҳарчанд мутобиқи ин назарсанҷӣ, агар Тромп бобати иттиҳомоти ҷиноиаш маҳкум шавад, ҳудуди 6 дарсад аз ҳомиёнашро аз даст хоҳад дод.
Таҳлиле аз Дэвид Смит дар Guardian
Аз миёни ду номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии 2024 Омрико, яке муваффақ ба тасвиби як лоиҳаи таърихӣ дар заминаи обу ҳаво ва зерсохтҳо шуда, иқтисоди Омрикоро аз як рукуд гузаронда ва ғарбро алайҳи Владимир Путин ба саф кардааст. Номзади дигар рӯзи душанбе дар додгоҳи Ню-йорк ва дар ҷойгоҳи шоҳид кирдорҳои кӯдакона дошт ва ба ҷанҷолсозӣ ва ҳаёҳу алайҳи қозӣ саргарм буд.
Бо ин ҳама, тозатарин назарсанҷӣ дар аёлатҳои калидии Омрико нишон медиҳад, ки агар ҳамин имрӯз интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико баргузор шавад, аввали яъне Ҷо Бойден аз дуввумӣ яъне Дунолд Тромп бо фосилаи зиёде шикаст хоҳад хӯрд.
Шояд ин паёмади ҳамагирӣ, ё таваррум, ё қабилагароӣ бошад, аммо ҳар чи мегузарад, душвортар битавон инкор кард, ки дар саҳнаи сиёсати Омрико, рухдоде ғариб ва шигифт дар ҳоли вуқӯъ аст.
Аз замоне, ки Бойден ба риёсати ҷумҳурӣ расид, иқтисоди Омрико 14 миллион фурсати шуғлии тоза халқ карда ва феҳристи дастовардҳои қонунгузориаш низ шона ба шонаи руасои ҷумҳуре ҳамчун Франклин Рузвелт ва Линдон Ҷонсун мезанад. Бо ин ҳол, тозатарин назарсанҷии муассисаи Gallup нишон медиҳад, ки ҳимояти куллӣ аз Бойдени 80-сола, танҳо 37% аст.
Дар ин ҳол, Тромп бо 91 мавриди иттиҳомоти ҷиноӣ дар Атланта, Маёми, Ню-йорк ва Вошингтун рӯ ба рӯст, ки бархеашон ба талоши ӯ барои сарнагунии давлати Омрико марбут мешавад. Бо ин ҳол, Тромпи 77-сола пештози рақобатҳои муқаддамотии номзадҳои ҷумҳурихоҳ аст, ки Мойк Пенс, муовинаш дар Кохи сафед, ки бо кудато мухолифат кард, аз ин рақобатҳо канорагирии зудрасе дошт.
Рӯзи душанбе, Тромп дар додгоҳи Ню-йорк буд, барои расидагӣ ба як парвандаи тақаллуби молӣ, ки то ҳаминҷо ҳам ӯро 15 ҳазор доллар ҷарима кардааст, он ҳам ба хотири ду бор нақзи ҳукми додгоҳ, ки ӯро аз интиқод ва ҳаҷма ба аъзои додгоҳ манъ карда буд.
Ин парванда, созмони Тромпро бо хатари аз ҳампошидагӣ рӯ ба рӯ карда ва ҳикоят аз он дорад, ки имперотур, урён (беобрӯ) шудааст. Ба назар мерасад, ки раъйдиҳандагони омрикоӣ, аммо, аҳамияте намедиҳанд. Назарсанҷии тоза дар аёлатҳои калидӣ мегӯяд, ки раъйдиҳандагон дар заминаи иқтисод бо як ихтилофи 22 рақамӣ, ба Тромп бештар аз Бойден эътимод доранд: 59% дар баробари 37%. Ин назарсанҷӣ тавассути Ню-йорк Таймз ва коллеҷи Siena анҷом шуд.
Ҳамин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки дуруст як сол пеш аз баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, Тромп дар 5 аёлат аз 6 аёлате, ки муҳимтарин конунҳои муборизаи интихоботӣ ҳастанд, Бойденро шикаст медиҳад ҳарчанд мутобиқи ин назарсанҷӣ, агар Тромп бобати иттиҳомоти ҷиноиаш маҳкум шавад, ҳудуди 6 дарсад аз ҳомиёнашро аз даст хоҳад дод.
Хирад ҳукм мекунад, ки мушкилоти ҳуқуқии пуршумори Тромп дар рақобатҳои муқаддамотии ҷумҳурихоҳон асаргузор бошад ва дар интихобот ҳам ба ӯ осеб бизанад. Акнун ин ҳам ҳанӯз қатъӣ нест дар шароите, ки Тромп аз ҳайси сиёсӣ зидд зарба ба назар мерасад ва демукротҳо ҳам аз гусаст миёни корномаи Бойден ва мизони маҳбубияташ ба чолиш афтодаанд.
Ба назар мерасад, ки ҳеч рухдод ё рафторе дар додгоҳ, ин воқеиятҳоро тағйир надиҳад. Дар ҳолу ҳавои расмии ҷаласаи додгоҳи Манҳетани Ню-йорк, кирдорҳои ситезаҷӯёна ва нописанди Тромп, бештар аз рафторҳояш дар гирдиҳамоиҳои интихоботӣ дар чашм аст. Тромп борҳо бо қозии додгоҳ Артур Энгорон мушоҷира кард ва қозӣ маҷбур шуд ба ӯ ҳушдор диҳад, ки агар мустақиман ба пурсишҳои додгоҳ посух надиҳад, мумкин аст раисҷумҳури собиқро аз ҷойгоҳи шуҳуд берун кунад.
Энгорон, қозии додгоҳ, ҳамчун омӯзгоре, ки барои тарбияти як кӯдаки саркаш, ба волидайнаш мутавассил мешавад, хитоб ба вукалои Тромп гуфт: “Ман хоҳиш мекунам, ки агар метавонед, ӯро контрол кунед. Агар наметавонед, ман ин корро хоҳам кард. Ман узри ӯро мехоҳам ва ҳар натиҷаи манфие, ки битавонам хоҳам гирифт.” Вай афзуд: “Инҷо як гирдиҳамоии сиёсӣ нест, инҷо додгоҳ аст.”
Мушоҳадаи гӯёе буд, ки Тромп огоҳона ва омидона, ҳузураш дар додгоҳро бо корзорҳои интихоботии 2024 махлут мекард ва борҳо хабарнигорони ҳозир дар толори додгоҳро хитоб қарор медод. Мушкилоте, ки бештари номзадҳо аз онҳо мегӯянд, ба суханони ӯ дар рақобат барои расидан ба Кохи сафед табдил шудааст.
Барои ин вазъияти Тромп, намоде беҳтар аз аксе нест, ки маъмурон дар моҳи август ва дар зиндони фармондорӣ аз ӯ гирифтанд ва нишон медиҳад, ки Тромп худро таслим карда ва дар ҳол сабти мушаххасоташ дар зиндон аст. Барои ҳар сиёсатмадори дигаре, ин акс метавонист нуқтаи поёни даврони сиёсиаш бошад ва барои ҳар шаҳрванде мояи шармсорӣ ва сарафкандагӣ, барои Тромп аммо, ба як дороии арзишманд дар бозори корзори интихоботӣ табдил шуд, ки ба василаи он, пулҳои зиёде ҷамъоварӣ кард ва пойгоҳи ҳаводоронаш ҳам афзоиш ёфт.
Як бори дигар, рӯзи душанбе, Тромп ба хубӣ медонист, ки рафторҳои ғарибаш дар саҳни додгоҳ, таваҷҷӯҳи расонаҳоро ба худ ҷалб мекунад. Ӯ ба хабарнигорон гуфт: “Дар ҳоле, ки ба Исроил ҳамла шуда, ба Укройн ҳамла шуда ва таваррум кишварамонро зинда-зинда мехӯрад, ман инҷо ҳастам. Инҳо ҳама ҳамлаи таблиғотии мухолифони сиёсии ман аст, ки тавассути давлати Бойден анҷом мешавад, рутбаи маҳбубияташон дар назарсанҷиҳо, ваҳшатнок аст. Ню-йорк Таймз, назарсанҷие анҷом дода, ки нишон медиҳад ман дар ҳама ҷо пештозам… ” Вай бо тамасхур нола кард, ки: “Ман мутмаиннам, ки қозӣ алайҳи ман раъй хоҳад дод, чаро ки вай ҳамеша алайҳи ман раъй додааст. Ин як додгоҳи бисёр ғайриодилона аст, хеле хеле ғайриодилона ва ман умедворам, ки мардум шоҳид бошанд.”