Муҳаббат ва дӯст доштан 

Муҳаббат ва дӯст доштан 

Аллома Таботабоӣ

Яке аз ҳақоиқе, ки мо дар виҷдони худ меёбем ва касе наметавонад мункири он шавад, ҳақиқате аст, ки номи онро ҳубб ва ба форсӣ дӯст доштан мегузорем, монанди дӯст доштани ғизо, занон, мол, ҷоҳ ва илм, ки дӯст доштан ва алоқамандӣ ба инҳо, панҷ мисдоқ аз масодиқи “ҳубб” ҳастанд, ки ҳеч шакке дар вуҷуди он дар дили худ надорем. Ва низ шакке нест дар ин ки мо калимаи дӯстӣ ва ҳуббро дар ин панҷ мисдоқ ба як маъно ва бар сабили иштироки маънавӣ истеъмол мекунем, на бар сабили иштироки лафзӣ (1).

Ҳол бояд дид, бо ин ки ҳубб дар ин панҷ мисдоқ маъонии мухталифе дорад, чаро калимаи “ҳубб” дар ҳама ба як гуна содиқ аст? Оё барои ин аст, ки ихтилофи он маъонӣ ихтилофи навъӣ аст ё ихтилофи дигар аст?

Ва чун дар ҳубби махсус ба ғизо ва мева масалан диққат кунем, хоҳем дид, агар ғизое ё меваеро дӯст медорем, бад-он ҷиҳат аст, ки бо тарзи кори дастгоҳи гуворишӣ (пищеварительная система)-и мо иртибот дорад (2). Ва агар фаъолияти ин дастгоҳ набуд ва бадан дар истикмоли худ ҳоҷате ба таъом надошт, қатъан мо низ таъомро дӯст намедоштем ва таъом маҳбуби мо намешуд.

Пас ҳубб ба ғизо, дар ҳақиқат ҳубби мо ба ғизо нест, балки ҳубби дастгоҳи гувориш ба фаъолияти худаш аст, ин дастгоҳ мехоҳад анҷоми вазифа кунад ва таъомро ба бадан бирасонад, ҳамин хостан иборат аз ҳубб ба ғизост (ки мо онро ба худ нисбат медиҳем ва мегӯем, мо ғизоро дӯст медорем ва ин мойем, ки аз фалон ғизо хушамон меояд), дар ҳоле, ки ин тавр нест, балки хуш омадан ва лаззат аз ғизо, кори дастгоҳи гуворишӣ аст, на аз мо. Хоҳӣ гуфт: ин ки аз таъму мазза ва бӯйи як ғизо хушамон меояд, пас ин чист? Дар посух мегӯем: ҳамин ҳам марбут ба дастгоҳи гувориш аст, чун ҳисси зоиқа яке аз хидматгузорони дастгоҳи гувориш аст, на худи он, пас манзури мо аз лаззат, лаззати зоиқа нест, балки он ризояти хоссе аст, ки дастгоҳи гувориш аз кори худ эҳсос мекунад.

Ин буд ҳол ва ҳақиқати муҳаббат ба ғизо. Ҳол бибинем, муҳаббат ба занон аз чӣ боб аст? Дар ин ҳубб низ агар нек бингарем, мебинем, ки ин ҳубб ҳам кори мо нест, балки кори дастгоҳи таносулии мост, ба ин маъно, ки дастгоҳи таносулӣ ташнаи амали омезиш мешавад ва онро дӯст медорад. Ва чун ин амал бо ҳамсар анҷом мешавад, мегӯем: ман ҳамсарамро дӯст медорам. Дар ҳоле, ки агар воқеъи қазияро бишкофем, мебинем, пойи ман дар кор нест, балки аввалан ва биззот дастгоҳи таносулӣ амали худро дӯст медорад ва сониян ва биттабъ ҳамсарро, чун амалаш бо ӯ қобили анҷом аст. Ҳамон тавр, ки дар таъом гуфтем, пойи ман дар кор нест, балки дастгоҳи гувориш аввалан ва биззот амали худро дӯст медорад ва сониян ва биттабъ ғизоро дӯст медорад. Ва амали омезиш асари нерӯе аст, ки Худои Таъоло дар ҳар ҷондоре ба вадиъат ниҳода, ҳамчунон ки амали тағзия низ асари нерӯе аст, ки Худо дар ӯ ба вадиъат супурдааст.

Аз ҳаминҷо маълум мешавад, ки ин ду ҳубб яъне ҳубб ба ғизо ва ҳубб ба ҳамсар, баргашташ ба як ҳубб аст, барои ин ки дастгоҳи гувориш ва дастгоҳи таносулӣ ба ҳам марбутанд ва камоле ҳам, ки аз кори ин ду дастгоҳ ҳосил мешавад, ба ҳам иртибот доранд.

Ва чун чунин аст, эҳтимол дорад, ки ҳубб иборат бошад аз як таъаллуқ, ки хосси ин ду маврид аст ва дар ғайри ин ду маврид аслан ёфт нашавад. Ва лекин озмоиш аз роҳи осор, ин эҳтимолро дафъ мекунад, зеро ин таъаллуқ, ки номаш ҳубб аст, асаре дар дорандааш дорад. Ва он ин аст, ки қувва (истеъдод)-ро ба сӯйи феълият, агар феълият надошта бошад мекашонад ва агар феълият дошта бошад, ба сӯйи тарки он ҷазб мекунад. Ва ин ду хоссият ва ё як хоссиятро дар тамоми мавориди қувваҳои идрокӣ эҳсос мекунем, ки ҳубб он қувваҳоро ба сӯйи афъолаш ба ҳаракат дармеовард.

Қувваи босира, сомеъа, ҳофиза, мутахайила, соири қувваҳо ва ҳавосси зоҳирӣ ва ботинӣ, ки дар мост — чӣ қувваҳои фоъила ва чӣ мунфаъила — ҳама ин ҳолатро доранд, ки ҳар як феъли худро дӯст медорад ва ин дӯст доштан, ӯро ба сӯйи феълаш ҷазб мекунад; чашмро ба сӯйи дидани он чи дӯст дорад ҷазб мекунад ва гӯшро ба сӯйи шунидан ва ҳамчунин ҳар қувваи дигарро.

Ва ин нест магар ба хотири ин ки кори ҳар қувва камоли ӯст ва ҳар қуввае бо кори махсус ба худ, нақси худро такмил намуда, ҳоҷати табиии худро бармеоварад. Ин ҷост, ки маъно ва мафҳуми ҳубби мол ва ҳубби ҷоҳ ва ҳубби илм, барои мо равшан мегардад, чун инсон бо ҳар як аз мол ва ҷоҳ ва илм, истикмол мекунад ва ба ҳамин ҷиҳат онҳоро дӯст медорад.

Ҳубб, таъаллуқест хосс байни инсон ва камоли ӯ

Пас аз инҷо натиҷа мегирем, ки ҳубб, таъаллуқест хосс ва инҷизобест шуъурӣ ва махсус байни инсон ва камоли ӯ. Ва таҷрибаҳои дақиқ, ки аз тариқи осор ва хавосси ҳубб сурат гирифта, собит карда, ки ҳубб дар ҳайвонот низ ҳаст.

Ва ин маъно равшан гардида, ки ин алоқа ва муҳаббат аз инҷо ношӣ мешавад, ки муҳибб (дӯстдоранда) нисбат ба он чи муҳаббат дорад ё фоъил аст (монанди дастгоҳи гувориш, ки агар ғизоро дӯст медорад, бад-он ҷиҳат аст, ки кораш ҳазми ғизост ) ва ё мунфаъил (монанди ҳубби зоиқа ва шомма ва сомеъа аз мазза ва бӯ ва садои хуш, ки ҳама аз боби инфиъол аст.) Чизе, ки ҳаст, ҳамон тавр, ки дар достони ҳубб ба ғизо ва мева гуфтем, ҳубби муҳибб аввалан ва биззот мутаъаллиқ ба феъл ё инфиъоли худ мешавад ва сониян ва биттабъ мутаъаллиқ ба ҳар чизе мешавад, ки бо феъл ё инфиъолаш сару кор дорад. Ва ин маъно дар ғайри инсон ва ҳайвон ҳам агар истикмоле дар кор бошад ва ё ифозаи камоле дар байн бошад, низ тасаввур дорад, (албатта ифозаи камол аз ифозакунандаи бошуъур.) (Монанди муҳаббате, ки рӯйиданиҳо ба нури офтоб доранд ва низ дарахтони ҷангалиро мебинем, ки барои расондани худ ба нури офтоб мураттаб баланд мешаванд.)

Ва аз ҳамаи матолибе, ки гузашт, натиҷаҳои зер оид мешавад:

1) Ҳамаи мо афъоли мо худро дӯст медорем:

Аввал ин ки ҳубб иборат аст аз таъаллуқ ва иртиботи вуҷудӣ байни муҳибб ва маҳбуб. Ва ё ба иборате, инҷизоб байни иллати мукаммил ва ё шабеҳ ба он ва байни маълули мустакмил ва ё шабеҳ ба он. Ва чун ҳубб иборат аз ин аст, аз ин рӯ мо афъоли худро дӯст медорем, то ба василаи он истикмол кунем ва он чиро ҳам, ки мутаъаллиқ ба афъоли мост дӯст медорем, то онро васила ва абзори кори худ кунем. (Мисоли истикмол ин ки мо илмро, ки феъли мағзи мост, дӯст медорем ва ба туфайли он, китоб ва мадраса ва устодро ҳам дӯст медорем. Ва мисоли шибҳи истикмол ин ки мо хонасозиро барои рафъи ҳоҷат аз хона дӯст медорем ва ба туфайли он, як дона оҷурро ҳам дӯст дорем.) Ва билохира ғизо ва ҳамсар ва моле, ки дар роҳи таҳияи он ду сарф мекунем ва ҷоҳ ва мақоме, ки бо он мол ба даст меоварем ва мунъиме, ки ба мо эҳсон мекунад ва муаллиме, ки моро дарс медиҳад ва роҳнамое, ки моро ҳидоят мекунад ва носире, ки моро ёрӣ медиҳад ва мутаъаллим ва шогирде, ки назди мо дарс мехонад ва ходиме, ки моро хидмат мекунад ва ҳар мутеъе, ки моро итоат мекунад ва ҳар чизе, ки дар муқобили хостаи мо ром аст, ҳамаи инҳоро дӯст медорем. Чизе, ки ҳаст, муҳаббати мо дар баъзе аз ақсоми он, табиӣ ва дар баъзеи дигар хаёлӣ ва мавҳум ва дар баъзе дигар ақлӣ аст.

2) Муҳаббат дорои маротиби мухталифе аст ва фақат ба умури моддӣ таъаллуқ намегирад:

Дуввум ин ки муҳаббат дорои маротиби мухталифе аст ва шиддату заъф дорад, чун робитае аст вуҷудӣ — ва вуҷуд худ ҳақиқате аст мушаккик яъне дорои маротиб — ва маълум аст, ки он робитаи вуҷудӣ, ки миёни иллати томма бо маълулаш ҳаст, бо он робита, ки миёни иллати ноқиса бо маълулаш ҳаст, яксон ва дар як мартиба нест. Ба ҳамин ҳисоб, он камоле, ки ба хотири он чизе маҳбуби мо воқеъ мешавад, аз ҷиҳати зарурӣ будан ва ғайри зарурӣ будан ва низ аз ҷиҳати моддӣ будан монанди тағзия ва ғайри моддӣ будан монанди илм, яксон нест ва балки шиддату заъф дорад.

Аз инҷо бутлони он сухан, ки мегуфт: муҳаббат танҳо ба умури моддӣ мутаъаллиқ мешавад, равшан мегардад; баъзеҳо он қадр шӯрашро даровардаанд, ки гуфтаанд: аслан баргашти тамоми муҳаббатҳо ба муҳаббат ба ғизост ва ҳар муҳаббати дигарро агар таҳлил кунем, мебинем аз ҳубб ба ғизо сар дармеоварад. Ва баъзе дигар гуфтаанд: реша ва асл, дар боби муҳаббат, алоқа ба омезиши ҷинсӣ аст ва муҳаббат ба ғизо ва ҳар алоқаи дигар аз он сар дармеоварад.

3) Худои Субҳон аз ҳар ҷиҳат аҳлияти маҳбуб шуданро дорад:

Севвум ин ки Худои Субҳон аз ҳар ҷиҳат, ки ҳисоб кунем, аҳлияти онро дорад, ки дӯсташ бадорем, барои ин ки ҳастии ӯ ба зоти худаш аст, на ориятӣ ва камоли ӯ ғайри мутаноҳӣ аст, дар ҳоле, ки ҳар камоле дигар мутаноҳӣ ва маҳдуд аст. Ва мутаноҳӣ вуҷудаш мутаъаллиқ аст ба ғайри мутаноҳӣ ва ин ҳуббе аст зотӣ, ки маҳол аст аз байн биравад. Ва низ Худои Таъоло холиқи мост ва бар мо инъом мекунад, он ҳам ба неъматҳое, ки ғайри мутаноҳӣ аст, ҳам аз назари адад ва ҳам аз назари замон, ба ҳамин ҷиҳат ӯро дӯст медорем, ҳамон тавр, ки ҳар мунъими дигарро, ба хотири инъомаш дӯст медорем.

4) Худованд халқи худро дӯст медорад:

Чаҳорум ин ки ҳубб аз онҷо, ки гуфтем робитае аст вуҷудӣ — ва ҳастии равобити вуҷудӣ, хориҷ аз вуҷуди мавзӯъоти худ ва таназзулоти он нест – аз ин рӯ натиҷа мегирем, ки ҳар чизе зоти худро дӯст медорад. Ва чун дар собиқ гуфтем: ҳар муҳиббе ҳамаи мутаъаллақоти маҳбуби худро низ дӯст медорад, дар натиҷа ҳар чизе осори вуҷудиашро ҳам дӯст медорад. Аз инҷо маълум мешавад, ки Худои Субҳон бад-ин ҷиҳат, ки худро дӯст медорад, халқи худро дӯст медорад ва агар халқи худро дӯст медорад, бад-ин ҷиҳат аст, ки инъоми ӯро мепазиранд ва боз агар халқи худро дӯст медорад, бад-он ҷиҳат аст, ки ҳидояти ӯро мепазиранд.

5) Шуъур ва илм лозимаи ҳубб нест:

Панҷум ин ки агар мебинем дар мавриди ҳубб, бояд шуъур ва илм вуҷуд дошта бошад, ин лузум бар ҳасби мисдоқ аст, (чун маъмулан калимаи “ҳубб”-ро дар мавориди инсонҳо ба кор мебарем ва мегӯем: модар фарзанди худро дӯст медорад ва намегӯем: дарахт офтобро дӯст медорад ва худро ба сӯйи нури он мекашад), вагарна таъаллуқи вуҷудӣ, ки ҳақиқати ҳубб иборат аз он аст, аз он ҷиҳат, ки ҳубб аст, ҳеч машрут бар вуҷуди илму шуъур нест. Ва аз инҷо равшан мегардад, ки ҳамаи қувваҳо ва мабодии табиӣ, ҳатто онҳо ҳам, ки илму шуъур надоранд, осор ва афъоли худро дӯст медоранд.

6) Аз ҳамаи он чи ки гузашт натиҷа мегирем, ки ҳубб ҳақиқате аст, ки дар тамоми мавҷудоти олам, сараён ва ҷараён дорад.

* * *

(1) Масалан, агар мо “ҳайвон”-ро тақсим мекунем ба инсон ва асп ва гӯсфанд ва мурғ ва ғайра, инро “муштараки маънавӣ” меномем, яъне лафзи “ҳайвон” вазъ шудааст барои як маънии омм, ки он маънии омм шомили ҳамаи инҳо ҳаст, чун “ҳайвон” яъне ҷондор; ҳамин қадр, ки мегӯем “ҷондор”, шомили ҳамаи мавҷудҳое, ки ҳиссу ҳаракат доранд бо ҳамаи ихтилофоте, ки бо якдигар доранд мешавад. Лафз барои як маъние вазъ шудааст, ки он маънӣ густурдааст. Он маънии густурда шомили ҳамаи инҳо ҳаст. Инро “муштараки маънавӣ” меномем.

Муштараки лафзӣ он ҷойе аст, ки лафз барои як маънии васеъ ва густурда вазъ нашудааст, балки лафз дар чанд маънии мухталиф ба кор бурда шудааст, масалан лафзи “айн” дар арабӣ. Дар арабӣ ба чашми инсон “айн” гуфта шудааст, ба зонуи инсон ҳам “айн” гуфта шудааст, ба чашмаи об ҳам “айн” гуфта шудааст, вале ин як лафз аст, ки дар мавориди мухталиф ба кор бурда шудааст. Ин иштироки лафзӣ аст; як лафз маъонии мутаъаддид дорад ва муштаракоти лафзӣ, ки як лафз дар чанд маънӣ ба кор бурда мешавад, дар ҳамаи луғатҳо ҳаст.

(2) Ба ин маъно, ки эҳтиёҷи бадан ба ғизо, дастгоҳи гувориширо ба фаъолият меандозад, ғудади тарашшуҳӣ (слюнные железы)-и даҳон омодаи тарашшуҳ мешавад, меъда асид тавлид мекунад ва дар ҳамин ҳангом мегӯем, гурусна шудам, чун асиди номбурда агар меъда холӣ бошад, боиси сӯзиши меъда мешавад.

Тазаккур: Аллома Таботабоӣ, муфассир ва фақеҳ ва файласуфи муосир – ки баҳақ файласуфе, ки соҳиби мактаб аст буд – дар тафсири ояти 165 сураи Бақара дар тафсири худ маъруф ба “Алмизон”, баҳсе карда дар бораи чистӣ ва ҳақиқати “ҳубб” (дӯст доштан), ки баҳсе бисёр амиқ ва судманде аст, ки лозим донистам тарҷимаи форсии онро пешкаши шумо кунам. (Сайидюнус Истаравшанӣ)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиндагӣ бидуни мубориза марг аст!
Яман: Ғофилгириҳое дорем

Матолиби пурбоздид