Акнун пай ба суханони Вил Дуронт мебарам
Ин дунё бо ин қавонину муқаррароте, ки имрӯзҳо мегузорад; қавонин ва муқарарот дар давлатдорӣ, дар равобити байналмилал, дар иқтисод, дар доду ситади сиёсӣ, дар таъомул миёни кишварҳо ва аҳзоб ва ҳатто муқаррарот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин қавонин бо ин вазъе, ки дорем мебинем, фақат ба нафъи чандто мариз ва бемори равонӣ аст, масалан ба нафъи касе мисли Тромп ва дӯсту ҳампиёлааш Илон Моск аст, ки маризи равонӣ ба тамоми маънои калима ҳастанд. Албатта Натонёҳу низ аз ҳамин қумош аст.
Вил Дуронт (William Durant), файласуф ва соҳиби китоби “Таърихи тамаддун”, китобе дорад ба номи “Лаззоти фалсафа”. Китоб дар як ҷилд аст ва китобе воқеан хонданӣ, азизон ин китобро ҳатман мутолеа кунанд, китобе ба ин хубӣ ва ширинӣ ҳанӯз надидаам, одам воқеан аз “Лаззоти фалсафа”-и Дуронт лаззат мебарад.
Хуб, Вил Дуронт пешгуфторе дорад дар ин китоб дар ҳудуди 3 ё 4 сафҳа ва дар он, ба шиддат аз вазъи замони муосир, ки ҳама чизро зеру рӯ кардааст шикоят мекунад. Агар иштибоҳ накунам, Дориюши Раҷабиён дар ҳудуди 20 сол пеш (камтар ё бештар) ин пешгуфторро ба тоҷикӣ тарҷима карда ва дар ҳамин фазои маҷозӣ гузошта буд, намедонам ҳоло ҳаст ё нест, аммо агар бошад, дӯстон пайдо кунанд ва мутолеа кунанд, воқеан зебост.
Дуронт дар ҳамин пешгуфтор мегӯяд, замони мо бо ин вазъ ва муқаррароташ, фақат ба нафъи чандто девона аст. Он замон чандон ба ин суханони Дуронт мутаваҷҷеҳ нашуда будам. Ҳоло мутаваҷҷеҳ мешавам.
Дунё дар имрӯз воқеан фақат ба нафъи чандто равонӣ аст.
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламолайн