Боздошти ҷосусони исроилӣ дар Туркия

Боздошти ҷосусони исроилӣ дар Туркия

Ахбори байналмилал

Reuters

Туркия 33 нафар ҷосуси “Мусод”-ро боздошт кард
Созмони иттилоотии Туркия чандин нафарро ба ҷурми ҷосусӣ барои “Мусод” боздошт кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, пулис ва нерӯҳои амниятии Туркия, дар 57 нуқта дар 8 вилояти ин кишвар, даст ба амалиёти муштарак зада ва тайи он, 23 нафарро ба ҷурми ҷосусӣ барои Созмони иттилоот ва амнияти Исроил мавсум ба “Мусод” боздошт карданд. Бар асоси ин гузориш, 8 нафари дигар таҳти пайгарди пулиси Туркия қарор доранд.
Дафтари Додситонии Истамбул ҳамчунин эълом кард, ки ҳукми боздошти 46 мазнун дар таҳқиқоти дигаре дар мавриди тавтиаи “Мусод” барои ҳадаф қарор додани хориҷиҳо дар Туркия содир шудааст.
Гуфтанист, аз замони таҳоҷуми Исроил ба Ғазза, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ба яке аз мунтақидони сарсахти ин режим табдил шуда ва ҳатто Натонёҳу, нахуствазири Исроилро ба Ҳитлер ташбеҳ кардааст.
Reuters
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби Исмоил Ҳаниа
Ҷаҳл дар баёни Гондӣ

Матолиби пурбоздид