Аксарияти Сенои Омрико хостори барканории Натонёҳу ва ташкили ду кишвари мустақил

Аксарияти Сенои Омрико хостори барканории Натонёҳу ва ташкили ду кишвари мустақил

Ахбори байналмилал

Раҳбари аксарияти Сенои Иёлоти Муттаҳида, бо интиқоди шадид аз Бенёмин Натонёҳу ба унвони монее барои сулҳ, хостори баргузории интихоботи ҷадид дар Исроил шуд.

Ба гузориши Reuters, Чак Шумери демукрот, ки муддатҳо аз ҳомиёни Исроил ва болотарин мақоми мунтахаби яҳудии Иёлоти Муттаҳида буд, ба Сено гуфт, ки давлати Натонёҳу “дигар посухгӯи ниёзҳои Исроил нест”.

Шумер гуфт: “Пас аз 7 октябр ба унвони як демукросӣ, Исроил ҳақ дорад раҳбарони худро интихоб кунад, аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ба исроилиҳо ҳаққи интихоб дода мешавад. Бояд баҳси ҷадиде дар бораи ояндаи Исроил вуҷуд дошта бошад. Ба назари ман, ин амр бо баргузории интихобот ба беҳтарин ваҷҳ анҷом мешавад.”

Шумер гуфт: “Иштибоҳе фоҳиш барои Исроил аст, ки роҳи ҳалли ду кишвариро рад кунад ва аз музокиракунандагон дар муноқишаи Исроил ва Ғазза хост, то ҳар коре, ки мумкин аст барои барқарории оташбас, озодии гаравгонҳо ва ирсоли кӯмак ба Ғазза анҷом диҳанд.”

Шумер ва дигар демукротҳои барҷаста, аз ҷумла Ҷо Бойден, раисиҷумҳур, ба далели ҳимояти беқайду шарти Вошингтун аз Исроил, бо таваҷҷӯҳ ба таъсири ҳамлаи Исроил ба Ғазза бар ғайринизомиёни фаластинӣ, бо интиқоди шадид аз даруни ҳизб мувоҷеҳ ҳастанд. Бо ин ҳол ин суханронии Шумер дар Сено бо интиқоди густарда ҷумҳурихоҳон ва тарафдорони Исроил дар Омрико мувоҷеҳ шудааст.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Едиот Аҳронот: “Ҳамос дар масири пирӯзӣ аст”
Назари мардуми Ғазза нисбат ба Яҳё Синвор

Матолиби пурбоздид