Ҳамла ба мудири Tik Tok

Ҳамла ба мудири Tik Tok ба хотири афзоиши паёмҳои ҳимоят аз мардуми Фаластин
Ахбори байналмилал
Bloomberg
Ҳамалот ба мудири Tik Tok ба хотири афзоиши интишори паёмҳои ҳимоят аз мардуми Фаластин бештар шудааст.
Ба гузориши Bloomberg, Сюй Чу, мудири Tik Tok ва дигар мудирони аршади ин шабакаи иҷтимоӣ, ахиран бо 40 раҳбари бонуфуз, аз ҷумла бисёре аз раҳбарони санъати фанноварӣ мулоқот карданд. Ин афрод бар таъдили бештари муҳтавои яҳудиситезона фишор меоварданд ва ин суолро матраҳ мекарданд, ки чаро видеоҳои тарафдори Фаластин дар Tik Tok маҳбуб ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки Tik Tok бо дархостҳои муҷаддади сиёсатмадорони умуман ғарбӣ мабнӣ бар мамнӯъияти он мувоҷеҳ шудааст. Ин шабака аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида “зараровар” ташхис дода шуда ва Вошингтун муддаӣ аст, ки Tik Tok бо созмони амниятии Чин дар иртибот аст.
Дар ҳамин иртибот, маҷаллаи Fortune фош кард, ки дар 16 ноябр, ҳудуди 40 нафар аз раҳбарони санъати фанноварӣ ва умдатан яҳудӣ, бо Сюй Чу, мудири Tik Tok ва соири раҳбарияти ин ширкат мулоқот карданд, то нигаронии худро нисбат ба ин ки шабакаи мазкур ба ҷойи ҳимоят аз Исроил, аз Фаластин ҳимоят мекунад бирасонанд.
Bloomberg
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: “Амалиёти худро алайҳи Исроил густариш хоҳем дод”
Ҳамос мизбонии Аморот аз раиси ҷумҳури Исроилро маҳкум кард

Матолиби пурбоздид