Алида Че Гевара дар бораи шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ
Байналмилал
Алида Гевара, духтари Эрнесто Че Гевара, ба муносибати ташйеъи пайкари поки шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ бо баёни ин ки “шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ, улгуе дар роҳи мубориза бо истеъмор ва иззати мардумаш буд” гуфт: “Касоне, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, нигоҳи ӯ дурахшон ва олӣ буд ва калимоти оташинаш ба мухотабонаш қудрат медод.”
Вай афзуд: “Ӯ ҳама чизро дар роҳи ҳадафаш фидо кард ва ҳар чи тавонист, анҷом дод, то Исроил ба мардуми Лубнон беҳурматӣ накунад. Насруллоҳ раҳбаре буд, ки метавонист он сӯ ва фаротарро бибинад.”
Духтари Эрнесто Че Гевара бо баёни ин ки “душман қодир нест умқи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва маънавии муборизаи моро дарк кунад” гуфт: “Инҳо калимоти ӯ дар охирин суханронӣ бо мардумаш буд. Сӯҳбатҳое, ки моро ба идомаи ин мубориза мехонад.”
Алида Гевара дар идома гуфт: “Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҷаҳонхорон чеҳраи фошисти худро намоён карданд; онҳо тавре вонамуд мекунанд, ки шикастнопазиранд; моро бо тарс нотавон мекунанд, то битавонанд ба дуздии манобеъи табиъӣ, зерзаминиамон ва ҳатто руъёҳоямон идома диҳанд.”
Вай афзуд: “Аммо дар ин миён, мардоне монанди Сайидҳасан Насруллоҳ вуҷуд доранд, ки метавонанд душманро мутаваққиф кунанд. Душман аз мардоне монанди ӯ метарсанд ва ба хотири ҳамин тарҷеҳ медиҳанд, онҳо вуҷуд надошта бошанд. Аммо ҳамон тавр, ки дар оғоз гуфтам, мардоне вуҷуд доранд, ки аз ҷинси ин муборизаанд ва агар ин роҳ идома дошта бошад, агар мардону занон зарфияти идома додани ин роҳро дошта бошанд, марг барои онҳо маъное надорад ҷуз ин ки масире ба самти зиндагӣ аст!”
Духтари Че Гевара дар поёни суханонаш гуфт: “Падарам як бор гуфт: Хостаи муштараки мо яъне шикасти ҷаҳонхорон, моро дар масирамон ба сӯйи оянда ва пирӯзӣ ҳамеша муттаҳид мекунад. Ватан ё марг!”
Қаламонлайн