Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад!

Таърих
Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад!
Аз он рӯзе, ки ин китоб нашр шуд, беш аз бисту як сол мегузарад. Он замон (сентябри соли 1997-феврали соли 1998) Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода на мансабе доштанд ва на мақоме. Дар дори ғурбат ба сар мебурданд, ҳарчанд онро ҳиҷрат мегуфтанд. Имрӯз як бахши кӯтоҳ аз он китобро даровардам, то аҳли фаҳм огоҳ шаванд.
Мирбобои Мирраҳим
Мирбобои Мирраҳим
МЕРАСАД МАРДЕ, КИ ЗАНҶИРИ ҒУЛОМОН БИШКАНАД
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар оинаи дӯсту душман
Соли 1989 дар натиҷаи фош шудани фасоди ахлоқии Муфтии Идораи мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон Шамсиддин Бобохонов (писари Худобиёмурз Муфтӣ Зиёуддини Бобохон) мардуми мусалмон чӣ дар Ӯзбакистон ва чӣ дар манотиқи дигар ба шӯр омаданд. Ҷумҳури Шӯравии Сотисиалистии Ӯзбакистон, ки тайи солҳои ҳукмронии Ш. Рашидов (ваф. охири с. 1983) чанд раҳбари ҳизбиро иваз карда буд, дар ҳолати нобасомони сиёсӣ ба сар мебурд. Интихоби муфтии нав дар Идораи мусалмонон маҳз дар ҳамин вазъияти таърихӣ иттифоқ уфтод.
Зоҳиран тибқи қавонини шӯравии собиқ масъалаи интихоби Муфтӣ расман дар ваколати намояндагони Анҷумани мусалмонон, дақиқтар карда гӯем, вакилон аз ҷумлаи имомхатибҳои Ҷамоҳири Шӯравии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Вале дар амал сарнахи ҳамаи ин корҳо дар дасти Шӯро дар умури дин дар назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ва КГБ буд. Он замон Райиси Шӯро дар умури дин Харчев ном дошт ва барои баргузор кардани Анҷумани мусалмонон ба Тошканд ташриф оварда, нақшаи интихоб одами даркориаш дар мақоми Муфтии ояндаро бисёр хуб тарҳрезӣ намуд.
Як шаб пеш аз оғози кори Анҷумани мусалмонон як сад нафар вакили масоҷиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Қозидомулло вориди Тошканд мешаванд. Пас аз барканории Шамсиддин Бобохонов аз вазифааш бо Қарори Раёсати Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ олим ва мударрис, Райиси Донишгоҳи исломии ба номи Имом Бухорӣ Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф, ба ҳайси “Иҷрокунандаи вазифаи Муфтӣ” дар Идораи мусалмонон ифои вазифа мекарданд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ҷаласаи Раёсати Идораи мусалмонон, ки ҳамон шаб доир гардид, аз нақшаҳое, ки тибқи он тарроҳони маскавӣ имкони ба маснади муфтӣ интихоб шудани Шайх Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуфро истисно мекарданд, дақиқ огоҳ мешаванд.
Тибқи барномаи аз пеш тарҳрезикардаи КГБ вакилони Анҷуман аз ширкати бевосита дар интихоби Муфтии ҷадид маҳрум шуда буданд. КГБ ва Шӯро дар умури динӣ мехостанд, ки Анҷумани мусалмононро шабеҳи Анҷуманҳои Ҳизби Коммунист Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор намоянд.
Дар Анҷуманҳои ҲКИШ вакилон ҳаққи ширкати бевосита дар интихоби Дабири Кулли Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳод Шӯравиро надоштанд, зеро онҳо фақат аъзоёни Кумитаи Марказии ҳизбро интихоб мекарданд ва он аъзоёни интихобшудаи КМ дар Пленуми нахустини худ Дабири Кулл ва ҳайати Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ-ро интихоб мекарданд.
Анҷумани мусалмонон мебоист 45 нафар вакилро ба Шӯрои Уламо интихоб мекард ва пасон дар ҷаласаи Шӯрои Уламо аз ҳайати ҳамин Шӯро “Муфтӣ” ва аъзоёни Раёсати Идораи динии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро интихоб мекарданд.
Тарроҳони ин нақша умедвор буданд, ки ҳадди аққал 70% аъзои Шӯрои Уламо аз гумоштагони худашон интихоб мешаванд ва имкони инро низ доштанд. Зеро тамоми кормандони дастгоҳҳои давлатӣ оид ба корҳои дин ва ноҳияҳо, вилоятҳо ва Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ҳамроҳи вакилон ба Тошканд омада буданд.
Маълум буд, ки дар чунин интихоби зина ба зина мисли Анҷуманҳо ва Пленумҳои Хизби Коммунист танҳо шахси дилхоҳи ҳокимон ба вазифаи “Муфтӣ” баргузида мешуд ва ин шахси мавриди назари идораҳои Маскаву Тошканд Абдулғанӣ Абдуллоев буд (ин шахс дертар аввалин Райиси Кумитаи давлатии Ӯзбакистон оид ба корҳои дин таъйин шуд).
Анҷумани мусалмонон мебоист дар кинотеатри (синамо) ба номи Ғафури Ғулом, ки дар як майдон бо Идораи динӣ ва Масҷиди Тиллошайх ҷойгир аст баргузор мегардид, ки барои 600 вакили имконоти лозимаро дошт.
Барои пешгирӣ намудан аз ин нақшаҳои шум ва ғайриодилона ва огоҳ сохтани даҳҳо ҳазор мардуми дар Масҷид ва Майдон ҷамъомада Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз кормандони боэътимоди Идораи динӣ хоҳиш мекунанд, ки баландгӯйҳоро (громкоговоритель) берун аз синамои (кинотеатр) ба номи Ғафури Ғулом, дар манораҳои Масҷиди Тиллошайх ва тамомии Майдони Ҳасти Имом (яъне Ҳазрати Имом) насб кунанд ва ин амал аз назари маъмурони расмӣ комилан пинҳон монад.
Рӯзи Анҷуман. Дар ҳайати Раёсати он Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар васати Раиси Шӯро дар умури дин Харчев ва Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбакистон ҷой мегиранд. Пас аз ифтитоҳи Анҷуман аз ҷониби Юсуфхон Шокиров, муовини Раиси Кумитаи ташкилии Анҷуман Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба ҳайси аъзои Раёсат барои ироаи пешниҳодҳои хеш оид ба рӯзномаи Анҷуман ба пои минбар мераванд.
Рухдоди аҷиб он аст, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода наздик ба панҷ дақиқа ба забони фасеҳи форсии тоҷикӣ суханронӣ мекунанд.
Як вақт мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки ба ҷуз вакилони Анҷуман аз Тоҷикистон ва шояд панҷоҳ-шаст нафари дигар, албоқӣ аз вакилон чизеро намефаҳманд. Баъди лаҳзае аз ҳозирон маъзарат хоста, бидуни ягон даступо хӯрдан ба забони ӯзбакӣ ки дар ҳақиқат хеле хуб балад ҳастанд, мегузаранд.
Ибтидо пешниҳод мекунанд, ки дар Рӯзномаи Анҷуман тағйирот ворид карда шавад: масъалаи нахуст бояд интихоби муфтӣ бошад; дуввум, Муфтии мусалмонон на аз рӯи усули коммунистӣ, балки бо овоздиҳии озод дар ҳамин ҷо, яъне бо ширкати ҳамаи вакилони Анҷуман анҷом пазирад ва баъд аз он масъалаи ҳисоботи Комиссиони тафтишот (бозрасӣ) баррасӣ шуда, Ойинномаи Идораи динӣ қабул шавад.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯянд:
-Баҳси ин масоил хеле муҳиманд, вале ба касе пӯшида нест, ки интихоби Муфтӣ аз ҳама асоситар аст ва даҳҳо ҳазор мусалмони дилогоҳу бедор ва дилсӯз дар берун аз роҳҳои дуру наздик ба ҳамин хотир ҷамъ омадаанд ва то он вақте ки Муфтӣ интихоб нашаванд, хотири ҳеҷ кас аз вакилони мӯҳтарами Анҷуман ҷамъ намегардад. Аз ин рӯ ман пешниҳод мекунам, ки масъалаи аввал дар Рӯзномаи Анҷуман интихоби Муфтӣ бошад. Бо маъзарат аз Раиси Анҷуман ман ин пешниҳоди хешро ба овоз мегузорам:
-Бародарони гиромӣ! Оё розӣ ҳастед, ки аввалин масъала, масъалаи интихоби Муфтӣ бошад:!
Ҳамагон бо як овоз: -Бале!-гуфта мандатҳои худро баланд мебардоранд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода: -Боз бо изҳори маъзарат аз ҷаноби Раиси Анҷуман барои он ки дубора вақти қиммати шумоёнро нагирам, худи ҳамин ҳозир мехоҳам номзади аз дидгоҳи хеш муносиб ба маснади Муфтиро пешниҳод намоям. Ин шахси фозил, олим, аҳли тақво Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф аст ва фурсатро ғанимат дониста, ин пешниҳоди хешро ба овоз мегузорам. Вакилони мӯҳтарам, бародарони аҳли ислом! Оё шумо розӣ ҳастед, ки ҷаноби Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф Раиси Идораи мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон ва Муфтии он интихоб шаванд?!
Ҳамагон: -Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар! -гӯён аз аз ҷойҳои нишасти худ бархоста, бо шавқу шӯр ҷаноби Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуфро Раиси Идораи динӣ ва Муфтии он интихоб намуданд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода: -Кӣ мухолиф? Кӣ бетараф?
Аз аҳли толор касе мухолифат ва ё бетарафии худро эълон намекунад. Ҳамин тариқ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бидуни он ки ба раёсати Анҷуман ва тарроҳони он маҷоли суханронӣ бидиҳанд, пешниҳодҳояшонро худ ба овоз мегузоранд ва ҳамаи онҳо тасдиқ мешавад.
Раиси Анчуман аз чунин шакл гирифтани кор ва тамоман барбод рафтани нақшаҳои ҳизбию идороти махуф ба ғазаб омада, дар поёни суханони Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода замоне ки ҷомаи (халъат) навро ба Муфтӣ мепӯшониданд, танҳо як калима мегӯяд: -Бӯлдӣ! (яъне –Шуд!)
Бояд зикр шавад, ки тамоми рафти ин Анҷуман ва суханрониҳои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар берун аз Маҷлисгоҳ (синамои ба номи Ғафури Ғулом) низ пахш мешуд ва ҳудуди сад ҳазор мардуми мусалмон онро гӯш мекарданд. Онҳо ҳам интихоби Ҳазрати Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф ба маснади Муфтии Идораи мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро бо садоҳои осмонбӯси “Аллоҳу Акбар! Аллоҳу Акбар!” дар берун аз дохили толори кинотеатр истиқбол намуданд
Замоне ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба ҷойи нишасти хеш, Раёсати Анчумани мусалмонон, бармегарданд, рафиқ Харчев аз ишон мепурсад: -Чӣ шуд?
Ҳоҷӣ Акбар дар посух мегӯянд: -Корҳо хуб шуд. Муфтиро интихоб карданд!
Харчев аз ин ҳолати ба миёномада якбора худашро гум карда: -…мать! Мы так не договаривались, как же так?! –мегӯяд.
Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбакистон низ бо ҳайрат аз Ҳоҷӣ Акбар мепурсад: -Нима? Тамом бӯлди-мӣ? Муфтини сайладиларийз-мӣ?! (-Чӣ шуд? Тамом шуд? Муфтиро интихоб кардед?!)
Ҳоҷӣ Акбар бо оромӣ дар ҷавоб ба ишон мегӯянд: -Ҳа, тамом! Ҷаноби Муҳаммадсодиқ интихоб бӯлдилар! (шуданд)
Ҳамин тавр Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода тавонистанд, ки муноқишаҳои дохилиидоравӣ ва сиёсии мусалмононро, ки душманони ислом мехостанд ба манфиати худ истифода баранд, бо як истеъдоди фавқуллодаи фитрӣ ва тавоноии хоси сиёсӣ ба нафъи нерӯҳои озодхоҳ ва тараққипарвари исломӣ ҳаллу фасл намоянд…
Пас аз дасисаҳои зиёд марказҳое, ки нақшаҳояшон дар интихоби Муфтӣ бо ҳушёрии Ҳоҷӣ Акбар дар моҳи марти соли 1989 нақше бар об шуда буд, муваффақ шуданд, ки дар моҳи феврали соли 1992 пеш аз мӯҳлат бо фишори ҳукуматдорони Ӯзбакистон интихоби муҷаддади Муфтиро ташкил диҳанд.
Дар ин Анҷумани ғайринавбатӣ низ ҳадафҳою нақшаҳои душманони ислом амалӣ нашуд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода се рӯзи комил риштаи раҳбарии Анҷумани мусалмононро дар даст доштанд ва тавонистанд, ки на танҳо нақшаҳои душманон ва ҳокимонро дар барканор намудани Ҳазрати Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф аз маснади Муфтигӣ хунсо намоянд, балки номи Идораи мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро “Идораи динии мусалмонони Мовароуннаҳр” гузоштанд.
Ҳокимони вақти кишвари ба мо “дӯст ва ҳамсоя” бисёр мехостанд, ки “Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон” ба номи “Идораи динии мусалмонони Туркистон” номгузорӣ шавад. Ҳамин нуктаҳо сабаб шуд, ки Ислом Каримов дар солҳои 1992-1995 сояи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро аз дару деворҳо битарошад. Танҳо замоне ки мулоқоти онҳо дар моҳи апрели соли 1995 дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст, муносибати Ислом Каримов нисбат ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода тағйир пазируфт.
Ман ин ду воқеъаро бесабаб ин ҷо зикр накардам. Мунофиқини Тоҷикистон, ки замоне демократмаоб буданд ва ҳоло муллодемократ шудаанд ва гӯё ифтихори миллӣ ҳам доранд, якҷо бо баъзе аз дӯстону душманон солҳои ахир боз як тӯҳмати навбатиро дар ҳаққи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бофтанд, ки “ӯ одами Ӯзбакистон аст”. Ва ҳол он ки маҳз ҳокими кишвари ҳамсоя тамоми қудрату маҳорати сиёсию низомии худро истифода бурд ва гурӯҳҳои Фронти халқию модарбахатоҳоро мусаллаҳ сохта, тақвият бахшид, то аз нуфузи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода пешгирӣ ба амал оварад. Ин нукта бебаҳс аст ва китобчанависҳое чун Н. Дӯстов ва И. Усмонов аз ин воқеъият бехабар нестанд…
Манбаъ: Мирбобои Мирраҳим. “Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар оинаи дӯсту душман”. Mitradates: Atlas, 1988, саҳ. 243-251. Банда барои таъйиди санадияти ин матн онро аз назари се нафар шоҳиди он Анҷуман ва моҳи октябри соли 1997 дар Либӣ аз диди худи шахси Ҳазрати Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф (равонашон шод бод) гузаронидаам. Шукри Худо Ҳоҷӣ Акбар зинда ҳастанд ва касе ба он ҳатто заррае шакк дорад, метавонад аз худи ишон пурсон шавад. Иродатманди шумо Мирбобои Мирраҳим.
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Хусрави Атовулло
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хушбахт кист, хушбахтӣ чист?
Эҳтимоли нобудии Украина, дар сурати ҳамлаи ғарб ба Русия

Матолиби пурбоздид