Амалиёти мушакӣ ва паҳподии Сипоҳ дар посух ба таҷовузҳои Омрико

Амалиёти мушакӣ ва паҳподии Сипоҳ дар посух ба таҷовузҳои Омрико

Ахбори байналмилал

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо эъломи хабари амалиёти қотеъи мушакӣ ва паҳподӣ дар посух ба таҷовузҳои Омрико, таъкид кард: бо киштиҳои мутахаллиф қавитар аз гузашта бархӯрд хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, матни баёнияи Сипоҳ ба шарҳи зерин аст:

بسم الله قاصم الجبارین

فَقَاتِلُوا أَئِمَّةَ الْكُفْرِ ۙ إِنَّهُمْ لَا أَيْمَانَ لَهُمْ لَعَلَّهُمْ يَنْتَهُون

Мардуми азиз ва шарофатманди Эрони Исломӣ!

Фарзандони ғайратманди шумо дар нерӯҳои дарёӣ ва ҳавофазои Сипоҳ тайи амалиёти муштараки мушакӣ ва паҳподӣ дар соатҳои 2 то 3 бомдоди имрӯз (якшанбе, 7 тирмоҳ), бо партоби мушакҳои болистик ва паҳпод ба сӯйи 8 зерсохти муҳимми артиши кӯдаккуши Омрико дар пойгоҳи Алӣ ас-Солими Кувайт ва новгони панҷуми дарёӣ дар бандари Салмони Баҳрайн, онҳоро мунҳадим карданд ва таҷовузҳои ахири Омрикоро бо қотеият посух доданд.

Душмани мутаҷовиз, ки нақзи аҳд ва паймоншиканӣ дар зоти ӯст, ба баҳонаи муқобилаи нерӯи ҳавофазои дарёии Сипоҳ бо киштии мутахаллиф, авоили бомдоди имрӯз , ба 5 пости соҳилии Ҷумҳурии Исломӣ ҳамла карда буд.

Бар асоси тафоҳумномаи Исломобод, тартиботи контроли убуру мурур дар тангаи Ҳурмуз бо Ҷумҳурии Исломӣ аст ва минбаъд бо киштиҳои мутахаллиф қавитар аз гузашта бархӯрд хоҳад шуд ва бархӯрд бо таҷовузи эҳтимолии душман ба ҳар баҳонае, ки бошад ҳарчанд монанди дишаб ва имшаби таҷовузҳо ба аҳдофи камаҳаммият бошад, посухе хурдкунанда хоҳад дошт.

Душман бидонад, нақзи оташбас хилофи банди якуми тафоҳумномаи Исломобод аст ва таваққуфи куллии равандҳоро дар пай хоҳад дошт.

و ما النصر الا من عند الله العزیز الحکیم

farsnews.ir

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ироқчӣ: Ҷанг бояд дар ҳамаи ҷабҳаҳо хотима ёбад!

Матолиби пурбоздид