Аморот барои муқобила бо таҳдидҳои Яман алайҳи Исроил, ба кӯмаки Телавив омад

Аморот барои муқобила бо таҳдидҳои Яман алайҳи Исроил, ба кӯмаки Телавив омад
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, дар ҳоле, ки рӯзона садҳо шаҳрванди фаластинӣ дар бомбборонҳои режими саҳюнистӣ ба хоку хун кашида мешаванд, Аморот барои наҷоти режими саҳюнистӣ аз таҳдидҳои артиши Яман, тавофуқи ҷадид бо ин режим имзо кард.
Алмаёдин ба нақл аз расонаҳои режими саҳюнистӣ афзуд: “Бар асоси ин тавофуқ, як масири заминӣ миёни бандари Дубай ва бандари Ҳифо дар Исроил барои давр задани таҳдидҳои артиши Яман мабнӣ бар бастани баҳри Сурх ба рӯйи киштиҳои мутааллиқ бо режими саҳюнистӣ, эҷод мешавад”.
Дар чанд рӯзи гузашта, расонаҳои Омрико ва кишварҳои урупоӣ ва низ расонаҳои саҳюнистӣ гузоришҳои зиёде дар бораи таъсири амалиёти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баҳри Сурх бар иқтисоди режими саҳюнистӣ мунташир ва амалиёти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баҳри Сурхро зарбае ба иқтисоди режими Исроил тавсиф кардаанд.
Ин расонаҳо ба нақл аз мақомот ва воситаҳои бахши киштиронӣ таъкид кардаанд, ки ин мавзӯъ ширкатҳои киштиронии муртабит бо режими саҳюнистиро дар маърази хатар қарор дода ва ин ширкатҳо аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои саҳюнистӣ иҷтиноб мекунанд.
Нерӯи дарёии Яман пештар ҳушдор дода буд, ки амалиёти низомӣ алайҳи киштиҳо ва манофеи душмани исроилиро то замоне, ки таҷовузот он ба Ғазза ва ҷиноёташ алайҳи миллати Фаластин мутаваққиф шавад, идома хоҳанд дод.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман пештар низ эълом карда буд, дар посух ба иқдоми низоми режими ишғолгари Қудс дар навори Ғазза, ҳар киштии исроилиро, ки дар дастрас бошад, ҳадаф қарор хоҳад дод. Онҳо дар ҳамин росто, як кишти саҳюнистиро дар дарё тавқиф ва ду киштии дигари мутааллиқ ба режими саҳюнистиро ҳадаф қарор доданд.
Аlmayadeen
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мандела Мандела: “Фаластиниҳо ҳаққи доштани сарзамини аҷдодии худро доранд”
Нуфузи муқовимати Фаластин дар артиши Исроил

Матолиби пурбоздид