Амрико ба либеролизм садоқат надорад
Либерализми ғарбӣ куҷост?
Сайид Абулҳасани Наввоб
«Навъи мувоҷиҳаи давлати Амрико бо хезиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико, ки бесадоқатии онҳоро дар вафодорӣ ба либерализм зери суол бурдааст, комилан нишон медиҳад, ки қувваи оқилаву иродаи қоҳираи Амрико дар асорати комили қавитарин лобии Амрико, яъне лоббии саҳюнистӣ аст».
«Имрӯз ду ҳақиқати бузург ошкор ва офтобӣ шуд: яке фиреб ё ҳатто уфули либерализми амрикоӣ ва дигаре асорати сиёсат, ақл ва мудирияти амрикоӣ дар дастони саҳюнистҳо».
Ҳуҷҷатулислом Сайид Абулҳасани Наввоб, муассису раиси ҳайати уманои Донишгоҳи адёну мазоҳиб дар Эрон дар баёнияе дар пайи бархӯрди полисӣ ва низомӣ бо донишгоҳиёни муътаризи амрикоӣ, ба нақди ҷиддии мантиқи либерализми Ғарб пардохт. Дар идома матни ин баёнияро мушоҳида мекунед
Бисмиллоҳ-ир-Раҳмон-ир-Раҳим
Аз ҷумлаи пояҳои назарии модернитаи ғарбиро либерализм ё озодихоҳӣ медонанд. Ғарби ҷадиду муосир ба шакли аҷибе ба ин мероси асри равшангарӣ меболад.
Имрӯза, бавижа амрикоиҳо аз либерализм дар ҳадду сатҳи як дини модерн дам мезананд то ҷое ки замоне, ҷамъе аз файласуфону андешмандони номдори амрикоӣ муҷаввизи ҳар навъ бархӯрди хушунатомез бо мухолифони либерализми амрикоиро содир карданд!
Аз ҷумла, усулу мазомини пурбасомади либерализм дар дунёи Ғарб, озодии баён ва озодии андеша аст.
Даҳаҳое гузашта аст, ки дунёи Ғарб блоки Шарқ ва ҷаҳони севвумро ба хотири нақзи либерализм маҳкум мекунад, таҳти фишор қарор медиҳад ва ҳар гоҳ маҷоле ёфта, лашкаркашӣ низ кардааст.
Замоне Фукуёмо тақдири башар ва нусхаи поёнӣ ва иҷтинобнопазири ҷаҳон ва таърихро ваҷҳи сиёсати либерализм, яъне либерал-демократия дониста буд. Ӯ агарчӣ баъдҳо тардидҳоеро дар ин замина иброз кард, аммо ҳамчунон амрикоиҳо мазияти худ дар дунёи имрӯзро дар фарҳанги либералӣ медонанд. Ҳамчунон ки ба тафовуту тафаввуқи нусхаи амрикоии либерализм бовар доранд ва меболанд.
Дар як сухан, либерализм ҳам машруиятбахши фарҳангу низоми сиёсии Амрикост, ҳам муҷаввизе барои муқобилаи амрикоиҳо бо дигар низомҳои сиёсӣ дар дунёст.
Дар ин ҷо дар пайи таҳлилу нақди либерализм ё нигоҳе осебшиносона ё ояндапажӯҳона ба либерализм нестем. Он чӣ ки даҳаҳост нозирону андешаваронро дар Иёлоти Муттаҳида ва дар хориҷ аз он, ба худ машғул карда ва ба ковишу поиш савқ додааст, мизони садоқати сиёсатмадорони ғарбӣ дар пойбандӣ ба либерализм ва дар тарвиҷи он аст. Имрӯза, тақрибан барои ҷаҳониён равшан шудааст, ки собиқаи аслии ғарбиҳо, ба вижа, амрикоиҳо дар мувоҷиҳа бо дигар дунё ва дигар сарзаминҳову дигар низомҳои сиёсӣ, усули озодихоҳиву арзишҳое чун ҳуқуқи башар ва демократия нест. Демократия ва интихоботҳои озодеро суроғ дорем, ки чун дар ростои манофеи ғарбиҳо набуда, аз ҳимояти онҳо бархӯрдор нашуда, балки гоҳе дар баробари саркӯби онҳо сукут карда ё дар саркӯби онҳо мушорикат кардаанд. Ҳамчунон ки дастикам дар минтақаи мо фаровон ҷавомеи неолибералу низомҳои сиёсии неодемократе вуҷуд дорад, ки аз ҳимоятҳои бедареғи Аврупову Амрико бархӯрдор ҳастанд. Имрӯза, камтар касе ба садоқати ғарбиҳо дар тарвиҷу таъмиқи либерализм дар дунё ва ба меҳварияти ин андеша дар таомули онҳо бо дигар кишварҳову миллатҳо бовар дорад. Сиёсат ва иқтисод – ду муҳаррики аслии Ғарб дар дахолат дар дигар кишварҳост ва шиорҳои либералӣ беш аз як пӯшиши дунёписанд нест.
Ҳимояти бедареғи ғарбиҳо аз Исроилу саҳюнизм падидаи тозае нест. Замоне тасаввур мешуд, ки Ғарб ба далели ранҷи ношӣ аз гуноҳу шарми таърихиаш дар қиболи яҳудиёну яҳудиситезӣ, савдои ҳимоят аз давлату сарзамини яҳудиҳоро дар сар мепарваранд. Содир кардани ин шарри номаймун ба Ховари Миёна [Ғарби Осиё] ва супурдани товони ҷиноёти Олмону дигари кишварҳои ғарбӣ дар ҳаққи яҳудиён, ба миллатҳои мусалмон кори зишт ва нописандӣ будааст, аммо бо ин ҳама тасаввур мешуд, ки Ғарб бо аҳдофи инсондӯстона дар пайи ҷуброни ҷинояти Ҳолокост аст. Ҷолиб аст, ки гоҳе бар сари Ховари Миёна [Ғарби Осиё], ин миннатро мегузоштанд, ки ҳимоят аз Исроил, ба воқеъ ҳимоят аз танҳо демократияи воқеӣ дар Ховари Миёна [Ғарби Осиё] ва бо ҳадафи таъмими либерал – демократия дар ин минтақа аст.
Навъи мувоҷиҳаи давлати Амрико бо хезиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико, ки бесадоқатии онҳоро дар вафодорӣ ба либерализм зери суол бурдааст, комилан нишон медиҳад, ки қувваи оқилаву иродаи қоҳираи Амрико дар асорати комили қавитарин лобии Амрико, яъне лоббии саҳюнистӣ аст.
Ҷунбиши донишҷӯии ҳимоят аз Фаластини мзлум, ки дар бартарин донишгоҳҳои Амрико, яъне Ҳорвард, Колумбия ва Принстон низ пурравнақ аст, гузашта аз имтиёзоти инсониву ахлоқиаш ва илова бар хидмате, ки ба ормони Фаластин мекунад, ду ҳақиқати бузургро низ ошкору офтобӣ сохт: яке фиреб ё ҳатто уфули либерализми амрикоӣ ва дигаре асорати сиёсат, ақл ва мудирияти амрикоӣ дар дастони саҳюнистҳо.
Мо зимни ҳимоят аз хезиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико алайҳи Исроил ва дар муқобили ҳимояти номаҳдуди давлати Амрико аз режими саҳюнистӣ, ҳамагонро ба такрими донишҷӯ, устоду донишгоҳ ва ба майдон додан ба мутолиботи донишҷӯӣ даъват мекунем.
Сайид Абулҳасани Наввоб
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: