Амрико дар Осиёи Миёна чӣ ҳадафҳоеро пайгирӣ мекунад?

Таҳлили хабарӣ

Амрико дар Осиёи Миёна чӣ ҳадафҳоеро пайгирӣ мекунад?

Осиёи Миёна

Ба гуфтаи коршиносон, ҳамкориҳои амниятии Душанбе ва Тошканд дар тӯли бист соли ҳузури низомии Амрико дар  Афғонистон ва густариши рӯзафзуни ҳузури амрикоиҳо дар чорчӯби NGO-ҳо ва кумакҳои фазояндаи низомӣ ва рафтуомадҳои мақомоти Амрико ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар як соли ахирро, нишонаи идомаи барномаҳо ва  шарокати стротежики Амрико донистаанд.

Бар асоси гузоришоти расида аз минтақаи Осиёи Миёна ва кишварҳои ҳамсоя, Амрико ба манзури коҳиши нуфузи Русия дар Осиёи Миёна ва расидан ба аҳдофи роҳбурдии худ дар минтақа, аз ҷумла коҳиши вобастагии иқтисодии кишварҳои минтақа ба Русия ва ҳамроҳии ин кишварҳо бо таҳримҳои ғарб алайҳи Русия, дар ҳоли афзоиши гуфтугӯҳо ва кумакҳои худ ба ин кишварҳо мебошад.

Дар таҳлилҳои ироашуда тавассути расонаҳои мухталиф, пиромуни сафари вазири хориҷаи Амрико ба Осиёи Миёна, дар чанд маврид, Тоҷикистон ва Узбекистонро муҳимтарин шуракои Амрико дар Осиёи Миёна донистаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кумакҳои 25 миллион долларии Амрико барои кишварҳои Осиёи Миёна дар роҳ аст
Флешмоби мухолифин дар кишварҳои аврупоӣ

Матолиби пурбоздид