Амрико монеи судури баёнияи Шӯрои амнияти СММ дар маҳкумияти юриши “Исроил” ба Масҷидулақсо шуд
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Detaly, давлати Амрико бори дигар бо ҷонибдорӣ аз Исроил ва чашмпӯшӣ аз ҷиноятҳои суратгирифта алайҳи миллати Фаластин, монеъ аз судури баёнияи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар маҳкумияти юриши “Исроил” ба Масҷидулақсо ва зарбу шатми намозгузорон ва таҳассункунандагон дар он шуд.
Расонаи исроилии Detaly ба нақл аз манобеи худ навишт, Шӯрои амнияти Созмони Милал шомгоҳи панҷшанбе нишасти фавқулъодаеро барои баррасии хушунати саҳюнистҳо дар Қудси ишғолӣ ва юриши онҳо ба Масҷидулақсо баргузор кард.
Тибқи ин гузориш, бештари аъзои Шӯрои амният хостори судури баёнияе алайҳи “Исроил” ба далели зарбу шатми намозгузорони фаластинӣ тавассути пулиси “Исроил” дар Масҷидулақсо шуданд, аммо Амрико монеъ аз он шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн