Пешниҳоди Ансоруллоҳ ба Ҳамос барои интиқоли дафтари сиёсии ин ҷунбиш ба Санъо

Пешниҳоди Ансоруллоҳ ба Ҳамос барои интиқоли дафтари сиёсии ин ҷунбиш ба Санъо

Ахбори байналмилал

Raialyoum

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман имрӯз (якшанбе, 6 май) ба ҷунбиши Ҳамос пешниҳод кард, ки дафтари сиёсии худро ба Санъо мунтақил кунад.

Ба гузориши рӯзномаи Раъюл-явм, Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар твитте дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт: “Барои Санъо мояи ифтихор аст, ки фориғ аз ҳар гуна паёмаде, мизбони дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос бошад.”

Пешниҳоди ҷунбиши Ансоруллоҳ танҳо як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки ин ҷунбиши муборизи яманӣ, амалиёташро дар баҳри Сурх, баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд, алайҳи киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ ё бо мақсади бандарҳои сарзаминҳои ишғолӣ дар баҳри Медитарона (Миёназамин) густариш додааст.

Ансоруллоҳ ҳамчунин таҳдид кардааст, дар сурате, ки режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза ҳамла кунад, ба куллияи киштиҳои ширкатҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ ҳамла хоҳад кард.

Таҳдиди ахири Ансоруллоҳ пас аз он сурат мегирад, ки Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари ин ҷунбиш ахиран эълом кард, размандагони Ансоруллоҳ дар ҳафтаи гузашта, 6 киштии муртабит бо режими саҳюнистӣ, Омрико ва Ангилисро ҳадафи ҳамла қарор додаанд ва ба ин тартиб шумори киштиҳои ҳадаф қарор гирифта дар баҳрҳои Сурх ва Араб ва низ халиҷи Адан ва уқёнуси Ҳинд аз ноябри гузашта то кунун ба 107 киштӣ афзоиш ёфтааст.

Дар 20 апрели гузашта ва ба дунболи афзоиш фишорҳои Омрико бар Қатар барои ихроҷи раҳбарони Ҳамос аз он кишвар, ҷунбиши Ансоруллоҳ барои истиқбол аз раҳбарони ин ҷунбиш ва истиқрори дафтари сиёсии он дар Санъо эъломи омодагӣ кард.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: Ҳамлаи пулис ба урдугоҳи ҳомиёни Фаластин дар Донишгоҳи Калифорния
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Имсол бештар аз солҳои дигар бояд эъломи бароат шавад”

Матолиби пурбоздид