Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар

Сабки зиндагӣ

Дар мавриди далоили қиёми Имом Ҳусейн(р) торихнигорон назароте ироа додаанд, ки як нуктаи муштарак дар ин назарот дида мешавад.

Муваррихон ва таҳлилгарон ба ин ишора мекунанд, ки далели аслии қиёми ҳазрати Имом Ҳусейн(р) амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар будааст.

Имом Ҳусейн(р) дар мавриди хуруҷашон аз Макка фармудаанд:
“Хуруҷ ва қиёми ман аз рӯи саркашӣ ва хушгузаронӣ ва фасоду зулм нест, танҳо барои ислоҳ дар уммати ҷаддам – Расулуллоҳ(с) – қиём кардам ва мехоҳам ба маъруф амр кунам ва аз мункар боздорам ва ба сираи ҷаддам Расули Акрам(с) ва падарам Алӣ ибни Абутолиб(р) амал кунам. Пас ҳар кас маро ба дурустӣ қабул кунад, ба подоши дурустӣ сазовортар аст ва ҳар кӣ инро рад кунад, сабр мекунам то Худованд байни ман ва ин гурӯҳ қазоват кунад, ки ӯ беҳтарини ҳокимон аст”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маъно ва мафҳуми амр ба маъруф
Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки аз рости фитнаангез

Матолиби пурбоздид