Ҳикояти муллои босавод

Адаб

Ҳикояти муллои босавод
Муллои ҷавон ва босаводе ба қишлоқ омад то дар хидмати мардум бошад ва дар гарму сарди рӯзгор ёру мададгори онон шавад. Аммо аз омадани ӯ муллои деҳотӣ бениҳоят нороҳат шуд ва шурӯъ кард ба мардуми деҳ аз ӯ бадгӯӣ кардану тӯҳматҳо задан, ки ӯ бесавод аст, илм надорад ва…
Ниҳоят, рӯзе мардуми деҳ, ки аз ин кашмакашҳои муллои деҳотӣ хаста шуда буданд, дар ҳузури ҳарду мулло ҷамъ шуданд. Муллои деҳ ба иддаои худ исрор намуд ва ба мардум мегуфт, ки ӯ бесавод асту бояд деҳаро тарк кунад…
Қарор бар ин шуд, ки ҳар кадом барои мардум сатҳи саводи худро ба намоиш гузоранд.
Мардум хостанд, ки ҳар кадом аз онҳо калимаи морро дар тахтае бинависанд. Муллои босавод ва ҷавон навишт: “Мор” – аммо муллои деҳотӣ тасвири морро кашид ва аз мардум пурсид, ки кадом як мор аст?!
Ҳама ба тасвири мор ишора намуданд ва муллои ҷавон ва босаводу шоистаро ба баҳонаи бесаводӣ, аз деҳа ронданд…

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хоҳам ки ба ту роз бигӯям як дам
Ҳазрати Иброҳим ва занбӯри асал

Матолиби пурбоздид