Ансоруллоҳ: “Муздурон дар ҳоли фирор ҳастанд
Ахбори байналмилал
Ансоруллоҳ: “Муздурон дар ҳоли фирор ҳастанд; иддаои “пирӯзӣ” фақат дар расонаҳост”
Узви Ансоруллоҳи Яман аз фирори мустамирри муздурони саудӣ дар ҷабаҳои ҷанг хабар дод.
Ҳизом ал-Асад, узви дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман, имрӯз (душанбе) бо ишора ба идомаи дурӯғпарокании муздурони Арабистони Саудӣ, дар Х навишт: “Пирӯзиҳои иддаоии онҳо фаротар аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нест.”
Вай бо баёни ин ки муздурони Арабистони Саудӣ дар расонаҳо муддаии пирӯзӣ ҳастанд, таъкид кард: “Дар майдони воқеӣ, муздурони Арабистон дар ҳоли фирори мудовим ҳастанд; фирори онҳо аз Раъсулъора дар соҳили халиҷи Адан гирифта то минтақаи Алмувосит ва маҳалли истиқрори хоин Ал-алимӣ дар Таъазз аст.”
Ал-алимӣ ишора ба Рашод ал-Алимӣ, раиси Шӯрои риёсатии давлати мустаъфии Ямани мавриди ҳимояти Арабистон дорад, ки имрӯз маҳалли иқомати ӯ ба контроли нерӯҳои мусаллаҳи артиши Яман даромад.
Қаламонлайн













