Ардуғон: “Саркардаи ДОИШ дар Сурияро куштем!”

Ардуғон: “Саркардаи ДОИШ дар Сурияро куштем!”
Ахбори байналмилал
Раисиҷумҳури Туркия аз кушта шудани саркардаи ДОИШ тайи амалиёти ниҳоди иттилоотии Туркия дар Сурия хабар дод.
Ба гузориши France24, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, шомгоҳи якшанбе (30 апрели 2023) эълом кард, ки нерӯҳои Созмони иттилооти ин кишвар (MIT) саркардаи гурӯҳи теруристии ДОИШ дар Сурияро тайи амалиёте куштаанд.
Вай дар як суханронии телевизионӣ эълом кард, Абуҳусайн ал-Қурайшӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОИШ тайи амалиёте, ки рӯзи шанбе тавассути нерӯҳои Созмони иттилооти Туркия дар Сурия анҷом шуд хунсо шудааст.
Ардуғон бо баёни ин ки Туркия ба мубориза бо гурӯҳҳои теруристӣ бидуни табъиз идома хоҳад дод, афзуд: “Абуҳусайн ал-Қурайшӣ аз муддатҳо пеш таҳти расади Созмони иттилооти миллии Туркия буд.”
ДОИШ рӯзи 30 ноябри гузашта аз кушта шудани Абуҳасан ал-Ҳошимӣ, саркардаи ин гурӯҳ ва ҷойгузинии Абуҳусайн ал-Қурайшӣ ба ҷойи ӯ хабар дода буд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Мо ба дунболи поён додан ба низоми ҳукмронии якнафара ҳастем!”
Гурӯҳи Вагнер: “Аз Маскав кӯмак нарасад, ақибнишинӣ мекунем”

Матолиби пурбоздид