Нооромиҳо дар “Исроил”

Нооромиҳо дар Исроил

Ахбори ҷаҳон

Бар асоси гузоришот, садои инфиҷор бар фарози шаҳракҳои саҳюнистӣ, дар наздикиҳои Навори Ғазза шунида шудааст.

Манобеи хабарӣ аз шунида шудани садои инфиҷор бар фарози шаҳракҳои саҳюнистӣ дар наздикии Навори Ғазза хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоби Фаластин, садои инфиҷорҳои қавӣ дар шаҳракҳои саҳюнистии Садирут ва Натифут дар наздикии Ғазза шунида шудааст.

Радиои Кони саҳюнистӣ ҳам гузориш додааст, садои инфиҷорҳои ношӣ аз фаъол шудани сомонаи гунбади оҳанин ва ҳадаф қарор додани як паҳпод аз Ғазза буд.

Артиши режими саҳюнистӣ чоршанбеи гузашта низ аз раҳгирии як рокети партобшуда ба сӯи шаҳракҳои наздики Ғазза хабар дод.

Ин хабарҳо дар ҳоле интишор ёфтааст, ки панҷшанбеи гузашта, нируҳои саҳюнистӣ ҳам дар посух ба ҳамлаи рокетӣ, аз Ғазза бо панҷ мушак як пойгоҳи мутааллиқ ба неруҳои муқовиматро ҳадаф қарор додаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикмати рӯз
Фаъолияти мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст

Матолиби пурбоздид