Артиши Яман эълом кард: Ҳамла ба умқи Исроил

Артиши Яман эълом кард: Ҳамла ба умқи Исроил

 Омодагӣ барои амалиёти муштарак бо Эрон

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз (чаҳоршанбе) аз амалиёти низомӣ дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар бораи амалиёти низомии артиши ин кишвар дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ гуфт: “Амалиёти низомиро алайҳи пойгоҳҳои низомӣ дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ бо се мушаки болдор аз навъи “Қудс-5” анҷом додем.”

Яҳё Сареъ таъкид кард: “Мушакҳои мо бо муваффақият ба аҳдофи худ исобат кард, ин дар ҳоле аст, ки душман натоиҷи амалиёти моро пинҳон мекунад.”

Вай афзуд: “Мо амалиёти “Ваъдаи содиқ-2”-и Эрон алайҳи душмани саҳюнистиро табрик мегӯем. Мо омодаи мушорикат дар ҳар гуна амалиёти муштарак барои ёрӣ кардани Фаластин ва Лубнон ва посух ба таҷовузоти саҳюнистҳо алайҳи ҷабҳаҳои пуштибонӣ ҳастем.”

Яҳё Сареъ гуфт: “Идомаи ҳимояти Омрико ва Англис аз душмани саҳюнист манофеи ин ду кишварро дар доираи оташ қарор медиҳад. Мо дар густариши амалиёти низомии худ алайҳи душмани саҳюнистӣ ва ҳомиёни он то замони таваққуфи таҷовуз алайҳи Ғазза ва Лубнон тардид нахоҳем кард.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Посух ба ду шубҳа
Партоби беш аз 100 мушак ва рокет аз Лубнон ба сӯйи Исроил

Матолиби пурбоздид