Аёдати вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон аз устод Фарзона
Байналмилал
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон, аз андешаварз ва шоираи номдори Тоҷикистон аёдат кард.
Ба гузориши Ирно, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон, (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар яке аз бемористонҳои Теҳрон, аз устод Фарзонаи Хуҷандӣ, шоира ва андешаварзи номдори Тоҷикистон аёдат кард ва зимни аҳволпурсӣ аз эшон, барои ӯ орзуи беҳбудӣ ва саломатӣ кард.
Аёдати вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷ.И.Эрон аз устод Фарзона
Ҳамчунин вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷ.И.Эрон низ бо ҳузур дар ин бемористон аз Фарзона Хуҷандӣ аёдат кард ва зимни гуфтугӯ бо пизишкони муолиҷи ӯ, дар ҷараёни раванди дармони ин шоираи тоҷик қарор гирифт.
Ба гузориши Ирно, Сайидаббоси Солеҳӣ асри имрӯз (чаҳоршанбе) дар ин аёдат, ки бо ҳузури Озарахш, шоири тоҷикистонӣ ва ҳамчунин хоҳари Фарзонаи Хуҷандӣ сурат гирифт, хитоб ба ин шоираи номдор тасреҳ кард: “Ба вуҷуди шоираи порсизабоне чун шумо, ифтихор мекунем, ки бо забони шеър ҳалқаи васли ду миллат ҳастед.”
Фарзонаи Хуҷандӣ ҳам дар ин дидор аз заҳамоти нерӯҳои дармонӣ ва вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон тақдир ва ташаккур кард.
Мӯҳсини Ҷаводӣ, сарпарасти муованати умури фарҳангии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ ва Некноми Ҳусайнипур, мушовири вазир ва раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ низ вазири фарҳангро дар ин аёдат ҳамроҳӣ карданд.
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон низ имрӯз субҳ аз Фарзона Хуҷандӣ аёдат карда буд.
Irna
Қаламонлайн