Сайёд

Адаб

Сайёд

Антон Чехов, ҳикоя

Нимарӯзе бисёр гарму гирифта. Дар осмон лаккаи абре ҳам не… Алафҳои аз офтоб пажмурда маъюсу навмед менамоянд: ҳатто борон ҳам агар ояд, ҳайҳот ки инҳоро сарсабз нахоҳад кард… Ҷангал сокиту ором истода, гӯиё ба кадом самти баландиҳои хеш назора дорад ё чӣ чизеро итизор аст.

Дар канори чаманзор марде чиҳилсола, болобаланду шонаборик, бо пироҳани сурх, шалвори арбобии васладору мӯзаҳои калон коҳилона, калавидаю хастаҳол қадам мезанад. Оҳиста аз роҳ меравад. Дар тарафи росташ чаманзори шодоби зумуррудӣ, аз чап, то уфуқ дарёи тилоии ғаллазори расида доман кашида… Ӯ тобгирифтаву арақшор аст. Бар сари хуштаркибу маллааш чапанона кулоҳаке ниҳода аст, мисли чопандозон лапараш рост, ки зоҳиран, туҳфаи арбоби ҷавони баҳимматест. Бар шонааш фитрок овезон, ки сиёҳхуруси титавро бар он ҳамоил карда буд. Мард туфанги думилае дар даст дорад бо куланги болокарда ва чашмонашро сӯи саги пири худ нимпӯш мекунад, ки пешопешаш медаваду буттаҳоро мебӯяд. Атроф хомушу бесадо… Ҳама ҷонварон аз гармо паноҳ бурда буданд.

– Егор Власич! – сайёд ногаҳ садои нарме мешунавад.

Ӯ такон мехурад ва менигараду абрӯ дар ҳам мекашад. Дар баробараш зане меистод – рангпарида, ҳудудан сисола, дос дар даст, гӯиё аз замин сар кашида. Зан саъй мекунад, ба чеҳраи вай нигарад ва шармгинона лабханд мезанад.

– О-ҳо, ин туӣ, Пелагея! – мегӯяд сайёд, бозистода ва оҳиста кулангро пойин меорад. – Ҳмм!.. Дар инҷоҳо чӣ гуна пайдоят шуд?

– Занҳои деҳамон ин ҷо кор мекунанд, ман ҳам бо онҳо… Кирокорӣ мекунам, Егор Власич.

– Ҳамин тавр гӯ, – ғур-ғур мекунад Егор Власич ва бо оҳистагӣ роҳашро дунбол мегирад. Пелагея аз пайи ӯ. Хомушона бист қадам мезананд.

– Хеле аст, ки ман шуморо надидаам, Егор Власич… – мегӯяд Пелагея, меҳрбонона ба китфу бозуи мутаҳаррики сайёд нигариста. – Аз иди пок, ки ба кулбаи мо обхӯрӣ омада будед, то кунун шуморо надидем… Дар он рӯзи муқаддас шумо барои як лаҳза сар зада будед ва ҳам Худо медонад, ҳоле доштед… маст будед. Сарзанишам кардед, кутакам задеду рафтед… Баъд интизор шудам, интизор… чашмам чор буд ба раҳи омаданатон… Оҳ, Егор Власич, Егор Власич! Ақаллан боре сар мезадед!

– Пеши ту чӣ кор мекардам?

– Оре, ҳеч коре, албатта, ҳамин хел… ба ҳар ҳол хонавода… Як хабар гирифтан, ки чӣ ҳолу аҳвол… Шумо арбоби хона… Оҳ-ҳо, титав шикор кардед, Егор Власич! Бишинед охир, рафъи хастагӣ мекунед…

Пелагея ин ҳамаро мегӯяду механдад, чун содалавҳҳо ва сар боло карда ба симои Егор менигарад… Чеҳрааш аз эҳсоси хушбахтӣ тароват мегирад…

– Бишинем? Хуб… – мегӯяд бо беэътиноӣ Егор ва миёни ду арчаи навбар ҷоеро бармегузинад. – Чиро истодаӣ? Ту ҳам бинишин!

Пелагея андак дуртар, дар офтобӣ менишинад ва аз нишоти хеш шармида, даҳони пурхандаашро бо даст пинҳон медорад. Дақиқае ду бо сукут мегузарад.

– Ҳеч не, боре сар мезадед, –оромона мегӯяд Пелагея.

– Чаро охир? –Егор кулоҳчаашро аз сар гирифта, бо остин ҷабини сурхашро пок карда, амиқ нафасе мекашад. – Ҳеч ҳоҷат нест. Як-ду соат омадан – танҳо сарфи беҳудаи вақт, фақат туро ошуфта кардан. Умре дар деҳа мондан – дилфигор аст… Ту худ медонӣ, ман як одами нозпарвардаеам… Барои ман як рахти хоб бошад, ҳам чойи гарму суҳбати гуворо… ба ҳар дараҷа муҳайё бошад бароям, аммо пеши ту, дар деҳа фақру дуда… Як рӯз ҳам дошт намедиҳам он ҷо. Агар ба фарз, дастуре содир шавад, ки ман ногузир бо ту зиндагӣ кунам, он гоҳ ё кулбаатро оташ мезадам, ё худамро нест мекардам. Аз баччагӣ хӯйи роҳат дар ман ҷо гирифта, беилоҷам дигар.

– Ҳоло куҷо зиндагӣ доред?

– Пеши арбоб, Дмитрий Иванич, сайёди ӯям. Рӯйи мизаш сайд мегузорам, ҳамин тавр… Барои саргармӣ нигоҳ медорад маро.

– Ин кор на дар шаъни шумост, Егор Власич… Саргармӣ барои дигарон аст, аммо гӯиё ин як пешаи шумост… шуғли воқеӣ…

– Ту намефаҳмӣ, нофаҳм,– мегӯяд Егор, хаёломез ба осмон нигариста. – Ту ҳеч маҳал намефаҳмидӣ, як умр ҳам нахоҳӣ фаҳмид, ки ман чӣ касеам… Ба назари ту ман як маҷнуни гумроҳам, аммо аз диди фаҳмидаҳо, ман беҳтарин тирандозам дар ин ноҳия. Аъён инро дарк мекунанд ва ҳатто дар моҳномае аз ман васф шуд. Касе дар шикор бо ман баробар нест… Агар аз ин шуғлҳои рустоии шумоён изҳори кароҳат мекунам, на аз он ки хӯкардабанозаму мағрур. Медонӣ, аз баччагӣ ман ҷуз туфангу саг, шуғли дигареро намедонистам. Туфангамро мегирифтанд агар, даст ба шасти моҳигирӣ мезадам, шастро мегирифтанд, дастамро ба кор мебурдам. Баъд тиҷорати асп ҳам кардам, вақте пулдор шудам, дар бозорҳо такодавӣ кардам; худат ки медонӣ, агар мард аз пайи шикору асп шуд, юғу испор дига мурд. Руҳи озодӣ, ки як бор дар ҷисми кас нишаст, ба ҳеч ваҷҳ наметавон онро аз бех канд. Ҳамин тавр, агар ашрофе пой ба ҷоддаи ҳунарпешагӣ ё ҳар пешаи дигаре ниҳад, муҳол аст, ки аз пайи кормандӣ ё мудирият равад. Ту бибӣ, сарфаҳми ин чизҳо намеравӣ, аммо инҳоро бояд донист.

– Мефаҳмам, Егор Власич.

– Ҳоло ки ашкат мерезад, маълум мешавад, ки намефаҳмӣ….

– Ман… ман ашк намерезам…– мегӯяд Пелагея, рӯяшро баргардонида. – Гуноҳ аст, ки Егор Власич! Ақаллан як рӯзак шумо бо мани бадбахт бояд зиндагӣ мекардед. Дувоздаҳ сол аст, ки ман зани шумоям, аммо… аммо байни мову шумо боре ҳам маҳаббат набуд!.. Ман… ман намегирям…

– Маҳаббат… – даст хорида меғурунгад Егор Власич. – Ҳеч гуна ишқе имкон надорад. Мову ту ба ном зану шавҳарем, ҳамин тавр не? Ман барои ту як одами ваҳшиям, ту барои ман зани содаю нафаҳм. Магар бо ҳам мост уфтодаем? Ман як каси озоду нозпарварду бадгашт, аммо ту хидматгузору хокпош, дар гарду ғубор зиндагӣ мекунӣ, наметавонӣ сар боло кунӣ. Тасаввурам аз худ ин ки дар шикор шахси авввалам, ҳоло ту бо як дилсӯзие ба ман менигарӣ… Куҷо муносибем бо ҳам?

– Охир бо ҳам ақд кардаем, Егор Власич! – ҳиқ-ҳиқ мегиряд Пелагея.

– Ақд на ба иродати мо… Ёдат нест? Аз граф Сергей Павлич миннатдор бош… ва аз худат. Граф аз ҳасодат, ки беҳтар аз ӯ тирандоз будам, як моҳи тамом шаробам нӯшонд; ва одами мастро натанҳо ташвиқ ба зангирӣ душвор нест, балки метавон ӯро ломазҳаб кард. Гирифту аз пайи қасос марди мастро бо ту никоҳ кард… Сайёдро ба духтари чӯпон! Ту ки медидӣ, ки ман мастам, чаро розӣ шудӣ? Ба мамлуке ҳам вобаста нестӣ, метавонистӣ рад кунӣ. Албатта ҳамсарӣ ба сайёде барои чӯпондухтар бахти хуш аст, аммо мулоҳаза ҳам зарур аст. Хуб, ҳоло ранҷ бикашу ашк бирез. Граф хандон асту ту гирён… сар ба девор зан…

Сукут фаро мерасад. Бар фарози ғаллазор се мурғобии ваҳшӣ парвоз мекунад. Егор ба онҳо менигарад; ӯ парандаҳоро бо нигоҳаш то он дам гусел мекунад, ки ба нуқтае мубаддал мешаванду бо душворӣ тавон пайхасшон кард ва ҳам дар дуриҳои ҷангал фурӯ мераванд.

– Рӯзу рӯзгорат чӣ гуна? – чашм аз мурғобиҳо канда, рӯ ба Пелагея, суол мекунад.

– Ҳоло коргарӣ мекунам, зимистон кӯдакеро аз парварваришгоҳ гирифта, бо шиша шираш медиҳам. Моҳе якуним рубл медиҳанд.

– Хуб…

Боз сукут. Аз ҷониби арзҳои даравшуда суруди маҳине меояд, ки аз ҳамон оғозаш қатъ мешавад. Ҳаво хеле гарм аст, ки суруд хонӣ…

– Гуфтанд, ки барои Акулина кулбае сохтаед, – мегӯяд Пелагия.

Егор хомуш аст.

– Пас, ӯ хеле азиз аст ба шумо…

– Иқболат чунин будааст, ин сарнавишт аст! – мегӯяд сайёд, хамёза кашида. – Шикебо бош, ятим. Аммо, акнун, Худо ёрат, пургӯйӣ кардам… Шаб бояд то Болотуф расам…

Егор аз ҷой бармехезад, хамёза мекашад ва туфангро ба шона меовезад. Пелагея бармехезад.

– Кай ба деҳа меоед? – оҳиста мепурсад ӯ.

– Ҳоҷат нест. Ҳушёр ҳам намеоям, аммо аз маст барои ту манфиат кам. Дар мастӣ бадқаҳрам… Падруд.

– Худо ҳофиз, Егор Власич…

Егор кулоҳ пушти сар мениҳад, сагашро садо зада, дунболаи роҳи хеш мегирад. Пелагея истода, аз паси ӯ менигарад… Ва ба шонаҳои мутаҳаррики ӯ, ба кулоҳгӯшаи зебанда, ба қадаммонии коҳилонаву бебоконаи ӯ нигоҳ мекунад ва чашмҳояш саршор аз андуҳу навозиши гуворо лабрез мешаванд… Нигоҳи вай ба андоми лоғару баланди шавҳар мелағжад ва бар ӯ нозу навозиш мекунад… Сайёд гӯиё ин нигоҳро ҳис мекунад, бозмеистаду ҳаменигарад… Ӯ хомуш аст, аммо аз чеҳрааш, аз шонаҳои болокашидааш Пелагея пай мебарад, ки вай мехоҳад ба ӯ чизе бигӯяд. Ва бо ҳаёю ҳарос наздаш меояду бо аҷзу илтимос нигоҳаш мекунад.

– Бигир! – мегӯяд ӯ, баргашта.

Ба ӯ рубли фарсудае медиҳаду бо суръат роҳ мегирад.

– Худо ҳофизи шумо, Егор Власич! – нидо дармедиҳад, он рублро беихтиёр гирифта.

Он аз роҳи дарозу мустақим, ки камарбанди кашидаи чармиеро мемонад, роҳ мегирад… Ин, рангпарида, беҳаракат, мисли ҳайкал меистад ва бо нигоҳаш ҳар қадами ӯро ламс мекунад. Ҳамакнун ранги сурхи пироҳани сайёд бо ранги сиёҳи поҷомааш ҳамеомезад, қадамҳояш ноаёнанд, сагро намешавад аз мӯзаҳояш фарқ кард. Танҳо кулоҳчааш менамояду бас, аммо… ногаҳ Егор якбора ба самти рост, ҷониби марғзор тағйири масир мекунад ва кулоҳаш ҳам дар сабзазор нопадид мешавад.

– Худо ҳофиз, Егор Власич! – зери лаб мегӯяд Пелагея ва рӯйи панҷаҳои пояш меистад, то магар бори дигар кулоҳи сафедро бибинад.

Антон Чехов, баргардон О. Шакурзода

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё ғарб мутамаддин аст?
«Тоҷикистон-2023» – баргузории намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар Душанбе

Матолиби пурбоздид