Аҳдофи дарозмуддати Чин аз додани қарз ба кишварҳо чист?

Таҳлили хабарӣ

Аҳдофи дарозмуддати Чин аз додани қарз ба кишварҳо чист?

Бо вуҷуди ин ки нигаронии умумӣ дар бархе аз кишварҳо дар мавриди масоиле монанди афзоиши қарз ва нуфузи Чин вуҷуд дорад, аммо дар даҳаи гузашта, Чин маблағҳои ҳангуфтеро ба кишварҳои саросари Осиё, Африқо ва Аврупо дар қолаби вом ва пружаҳои зерсохтӣ пардохт кардааст. Ба ин тартиб, ин кишвар нуфузи худро аз тариқи пружаҳои бузурги зерсохтӣ афзоиш дода ва ба яке аз бузургтарин қарздиҳандагони ҷаҳон табдил шудааст.

Акнун як мутолиаи ҷадид мегӯяд, ки Пекин ҳамчунин ба як “вомдиҳандаи наҷотбахш” барои ҳамин кишварҳо табдил шудааст. Зеро бисёре аз онҳо барои бозпардохти қарзҳои худ бо мушкил мувоҷеҳ ҳастанд.

Бар асоси мутолиае, ки сешанбе тавассути муҳаққиқони Бонки ҷаҳонӣ, мадрасаи Ҳорварди канадаӣ ва Муассисаи Кейл мунташир шуд, байни солҳои 2008 то 2021, Чин 240 миллиард доллар барои наҷоти 22 кишваре, ки “тақрибан ба таври инҳисорӣ” қарзгирандагони пружаи зерсохтии “Як камарбанд, як ҷода”-и Си Ҷинпин ҳастанд, ҳазина кардааст. Ин кишварҳо шомили Аргентина, Покистон, Кения ва Туркия мешавад.

Агарчи кумакҳои молии Чин ҳанӯз камтар аз кумакҳои молии Иёлоти Муттаҳида ё Сандуқи байналмилалии пул ба ин кишварҳо аст, аммо Пекин ба бозигари калидӣ барои бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа табдил шудааст.

Тибқи ёфтаҳои ин гузориш, зуҳури Пекин ба унвони “мудири буҳронҳои байналмилалӣ” каме ошно ба назар мерасад: Иёлоти Муттаҳида наздик ба як қарн аст, ки стратежии мушобеҳеро гирифта ва кумакҳоеро барои кишварҳои дорои қарзи зиёд ироа мекунад.

Бар ин гузориш омадааст: “мо шоҳиди монандиҳои таърихӣ ҳастем. Ба таври мисол Иёлоти Муттаҳида дар даҳаи 1930 ва пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум ба унвони як қудрати молии ҷаҳонӣ зуҳур пайдо кард.” Аммо дар ин масир тафовутҳои ҳам вуҷуд дорад.

Аввалан, вомҳои Чин усулан маҳрамона ва бештарт амалиёту муомилоти он аз диди умум пинҳон аст. Бар асоси ин таҳқиқ, ин нишондиҳандаи он аст, ки системаи молии ҷаҳонӣ “ғайрирасмитар, ғайри шафофтар ва тикка-тиккатар” шудааст.

Бонки марказии Чин ҳамчунон додаҳои марбут ба вомҳо ё қарордодҳои мубодилаи арз бо соири бонкҳои марказии хориҷиро фош намекунад. Бонкҳо ва ширкатҳои давлатии Чин ҳам иттилооти дақиқе дар бораи вомдиҳии худ ба дигар кишварҳо мунташир накардаанд.

Ба ин тартиб ин тими таҳқиқотӣ барои мутолиаи худ, ба гузоришҳои солона ва суратҳои молии кишварҳои дигар, ки бо бонкҳои Чин тавофуқнома имзо кардаанд, гузоришҳои хабарӣ, баёнияҳои матбуотӣ ва дигар асноди ҷамъоваришуда такя доштаанд.

Пекин як системаи ҷаҳонии нав барои “вомҳои наҷоти молӣ”-и фаромарзӣ эҷод карда, аммо ин корро ба шеваҳои мубҳам ва ноҳамоҳанг анҷом додааст.

Вомҳои Чин 

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2010, камтар аз 5 дарсад аз сабади вомҳои хориҷии кишвари Чин ба самти кишварҳое мерафт, ки мушкили қарзӣ доштанд. То соли 2020, ин рақам ба 60 дарсад афзоиш ёфт. Ин рушд инъикоскунандаи ташдиди амалиёти “наҷоти молӣ”-и Пекин ва канорагирӣ аз сармоягузории зерсохтӣ ва ба таври мушаххас кампини “Як камарбанд, як ҷода”-и ин кишвар аст.

Аз маҷмӯи 240 миллиард доллар қарзҳои “наҷоти молӣ”, 170 миллиард доллар аз сӯи Бонки халқии Чин, ба баҳонаи тавофуқоти байни бонкҳои марказӣ барои мубодилаи арз дода шудааст.

70 миллиард доллари дигар тавассути бонкҳо ва ширкатҳои давлатии Чин аз ҷумла ширкатҳои нафту газ қарз дода шудааст. Ин гузориш нишон медиҳад, ки аксари кишварҳое, ки аз ин вомҳо истифода кардаанд, дар буҳрони молии амиқе қарор доштаанд. Бахше аз ин мушкилот бо ҳамагирии Ковид-19 ташдид шудааст.

Ба унвони мисол, Аргентина дар соли 2014 ва 2020 пас аз даҳҳо соли мубориза бо қарзҳои давлатии худ, дефолт эълон кард. Дар ҳамин ҳол, Покистон бо коҳиши захоири арзи хориҷӣ, шоҳиди суқути арзиши пули худ буд.

Аммо кумакҳои молии Чин арзон нест. Нархи баҳраи вомҳои Бонки халқии Чин 5 дарсад аст. Дар ҳоле, ки нархи баҳраи “вомҳои наҷоти молӣ”-и Сандуқи байналмилалии пул 2 дарсад аст.

Бештари вомҳо ба кишварҳои бо даромади миёна дода мешавад, ки барои бахши бонкии Чин муҳиммтар талаққӣ мешаванд. Дар айни ҳол барои кишварҳои камдаромад, ки манобеъ дар ихтиёр надоранд, пешниҳоди таҷдиди сохтори қарзӣ дода шудааст.

Пекин дар талош аст то бонкҳои худро наҷот диҳад. Кармен Ринҳорт, яке аз нависандагони ин мутолиа мегӯяд: “Пекин дар ниҳоят ба дунболи наҷоти бонкҳои худ аст. Ба ҳамин далел аст, ки вориди тиҷорати хатаромези қарзҳои байналмиллалии наҷоти молӣ шудааст”.

Ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” 

Пекин дар тӯли як даҳа, барои ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” миллиардҳо доллар дар пружаҳои зербиноӣ сармоягузорӣ кардааст: асфалт кардани бузургроҳҳо аз Кения ва Тоҷикистон, сохти бандарҳо аз Шри-Ланка то ғарби Африқо ва таъмини зерсохтҳои барқу мухобирот барои мардум аз Амрикои лотинӣ то Осиёи ҷануби шарқӣ.

Ин ибтикор аввалин бор дар соли 2013 дар замони Си Ҷинпин, раҳбари Чин эълом шуд.

Бар асоси гузориши Шӯрои равобити хориҷӣ, як андешакадаи амрикоӣ, то марти 2021, 139 кишвар дар ин пружа сабти ном карда буданд, ки 40 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Сармоягузорӣ барои ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” ба як трилион доллар расидааст. Аммо камбуди буҷа ва ақибнишиниҳои сиёсӣ, бархе аз пружаҳои хосро мутаваққиф кардааст. Бахше дигар аз ин пружа ҳам ба далели ҳаводиси табиӣ, расвоиҳои молӣ ва тахаллуфоти коргарӣ осеб дидааст.

Илова бар ин, нигаронии умумӣ дар бархе аз кишварҳо дар мавриди масоиле монанди афзоиши қарз ва нуфузи Чин вуҷуд дорад. Иттиҳомоте матраҳ мешавад, ки ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” як “қапқони қарзӣ”-и густурдааст, ки барои контроли зерсохтҳои маҳаллӣ тарроҳӣ шудааст. Албатта ин фарзия тавассути теъдоди зиёде аз иқтисоддонон рад шудааст.

Дар моҳи январ Тсин Ган, вазири умури хориҷаи Чин, иттиҳомоти Амрикоро дар бораи эҷоди “қапқони қарзӣ” дар Африқо, ки дарёфткунандаи аслии сармоягузориҳои марбут ба ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” аст, рад кард.

Ган дар аввали моҳи ҷорӣ бори дигар аз ин пружа дифоъ кард ва онро “хайри умумӣ” хонд.

(Бознашр аз Паём)

Евронюз

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Барқарории муносиботи иқтисодии Душанбе ва Боку
Намояндаи Украина эъломи оташбасро рад кард

Матолиби пурбоздид