Поёни ҷанги Украина қобили пешбинист

Таҳлили хабарӣ

Поёни ҷанги Украина қобили пешбинист

Назари коршинос

Вақте сухан аз ҷанги Украина биравад, мутаассифона хеле аз мо бо нигоҳи моддӣ нигоҳ мекунад; гумон мекунад, ки Русия чун як абарқудрат аст ва артише қавӣ дорад, бар Украина пирӯз хоҳад шуд, аммо фаромӯш мекунем, ки Русия ба ин кишвар таҷовуз карда ва ҳар мутаҷовизе оқибаташ шикаст аст. Ҳол, чӣ мо аз Украина ва ҳукуматаш хушамон ояд ва чӣ наояд, чӣ ҳукумати онро дастнишондаи Ғарб бидонем ва чӣ ғайри он.

Русия дар як калом, мутаҷовиз аст, шикасти Русия дар ин ҷанг ҳатмист, шояд имрӯз на, баъдҳо.

Баъид нест Русия бар кулли сарзамини Украина тасаллут биёбад, ин баъид нест, ҳамон тавре ки дар вақташ Олмони нозӣ то Маскав омада буд. Шояд Киевро тасарруф кунад, ин ҳам баъид нест. Аммо ин чизҳо – ба хилофи гумон ва пиндори бисёре аз афрод – меъёри шикаст ё пирӯзӣ нестанд. Оқибати Русия шикаст аст, кучактарин шакке дар ин нест, украиниҳо бисёр сарбаландона аз ин набард берун меоянд. Инро хоҳед дид. Дар оянда Украина яке аз абарқудратҳо ва ё лоақал, нимаабарқудратҳо хоҳад буд, чунон ки Яман сарнавишти мушобеҳе дорад. Ҳамон тавр ки пешбинӣ мешавад, Яман дар ояндаи на чандон дур, яке аз кишварҳои пешрав хоҳад гардид.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нукоти ахлоқӣ
Ҷанги тӯлонӣ ва фарсоишӣ Русияро заиф мекунад

Матолиби пурбоздид