Аҳмад Масъуд: Ба расмият шинохтани толибон, баробар бо нобудии Афғонистон хоҳад буд!

Аҳмад Масъуд: Ба расмият шинохтани толибон, баробар бо нобудии Афғонистон хоҳад буд!

Ахбори минтақа

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ пас аз нишасти дуввум дар Вена гуфт, миёни Толибон ва ДОИШ ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад.

Аҳмад Масъуд афзуд: Ба мардуми Афғонистон хиёнат шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, тарзи тафаккур, рафтор ва равиши Толибон ва ДОИШ як аст ва аз нигоҳи ҳувият ин ду гурӯҳ мисли ду тарафи як сикка ҳастанд.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар робита ба суханони муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба оғози баҳс барои ба расмият шинохтани толибон таъкид кард, ки эътирофи Толибон ё фикр кардан дар ин маврид, баробар бо нобуд сохтани мардуми Афғонистон ва демократия хоҳад буд ва ин иқдом “эҳтироми андаке”, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ боқӣ мондааст аз байн хоҳад бурд.

Ӯ ба пирӯзии Ҷабҳаи муқовимат бар зидди Толибон изҳори итминон кард ва гуфт, ҷанг бо Толибон барои дифоъ аз арзишҳост.

Дар баёнияи ниҳоии нишасти Вена, ба идома ва густариши муқовимати мусаллаҳона, сафарбар ва муттаҳид кардани тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, низомӣ ва шаҳрвандӣ алайҳи Толибон таҳти чатри ​​ягона, таъкид шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паҳподи украинӣ анбори нафти Русияро ба оташ кашид
Дар ҷанг чӣ мешавад?

Матолиби пурбоздид