Бадруддин Ҳусӣ: Иззати уммати ислом бо сарсупурдагӣ ба душманон таъмин намешавад

Бадруддин Ҳусӣ: Иззати уммати ислом бо сарсупурдагӣ ба душманон таъмин намешавад

Байналмилал

Ҳусӣ зимни суханронии худ, бо интиқоди шадид аз таҷовузи Исроил ба Ғазза ва ҳимояти Омрико аз он, тасреҳ кард, ки “мардуми Фаластин таҳти муҳосира ва гуруснагии шадид қарор доранд ва ҳатто шири кӯдакон низ аз онҳо дареғ шудааст.” Ҳусӣ ҳушдор дод, ки бетафовутӣ ва ҳамдастии бархе бо душман, сабаби таназзули ахлоқӣ, инсонӣ ва динӣ шудааст.

Раҳбари Ансоруллоҳ дар ҷамъи миллионҳо нафар аз мардуми Яман дар маросими солрӯзи милоди Набии Акрами Ислом (с), танҳо нусхаи наҷоти уммати исломро амал ба сираи ин паёмбари азимушшаън ва Қуръон унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯ (SNN), Сайидабдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, дар суханоне ба муносибати солрӯзи милоди Паёмбари Ислом (с) таъкид кард, ки ин маросим дар Яман дар ҷаҳон беназир аст ва нишондиҳандаи ҳақиқати имон ва ҳикмати яманӣ аст.

Ҳусӣ зимни табрик ба мардуми Яман ва тамомии мусалмононе, ки дар саросари ҷаҳон ин муносибатро гиромӣ медоранд, аз ширкаткунандагон дар ин маросим истиқбол кард ва афзуд: “Мардуми мо ҳар сол ин рӯзро бо шукргузорӣ ва шодӣ баргузор мекунанд ва бо он, истиқлоли ҳувиятӣ ва имони худро ҷашн мегиранд.”

Сайидабдулмалик Ҳусӣ бо ишора ба муқовамати таърихии мардуми Яман гуфт: “Ин мардум парчами исломро бо ифтихор боло мебаранд ва пуштибони мусалмонони мазлум ва муқобилакунанда бо золимон ҳастанд.”

Вай ҳамчунин бо интиқоди шадид аз таҷовузи Исроил ба Ғазза ва ҳимояти Омрико аз он, тасреҳ кард, ки “мардуми Фаластин таҳти муҳосира ва гуруснагии шадид қарор доранд ва ҳатто шири кӯдакон низ аз онҳо дареғ шудааст.” Ҳусӣ ҳушдор дод, ки бетафовутӣ ва ҳамдастии бархе бо душман, сабаби таназзули ахлоқӣ, инсонӣ ва динӣ шудааст.

Раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард, ки “ҳамроҳӣ ва сарсупурдагӣ ба душманон ва саҳюнизми ҷаҳонӣ ҳаргиз иззати уммати исломро фароҳам нахоҳад кард ва танҳо роҳи наҷоти уммати исломӣ, бозгашт ба Қуръон ва пайравӣ аз Паёмбар аст; танҳо нури илоҳӣ метавонад умматро аз ҷоҳилияти ҷадид наҷот диҳад.”

Вай таъкид кард, ки ислом “дини шикастнопазир” аст ва бо ишора ба шикасти тамоми нерӯҳои моддӣ ва низомӣ, ки алайҳи ислом фаъолият кардаанд, афзуд: “Тамоми гузинаҳо ва роҳкорҳое, ки уммат ба онҳо чанг зада буд, шикаст хӯрдааст; танҳо бозгашт ба Қуръон ва суннати Паёмбар, роҳи раҳоӣ аст.”

Сайидабдулмалик Бадруддин Ҳусӣ дар идома исуханони худ бар ҳимояти қотеъ аз мардуми Фаластин таъкид кард ва гуфт: “Мо бар саботи мавзеъи худ дар ёрии мардуми Фаластин таъкид дорем ва аз тамоми соҳибони виҷдонҳои бедор мехоҳем, то ҷилави ҷиноёти саҳюнистҳо, шомили наслкушӣ ва гуруснагии кӯдакони фаластиниро бигиранд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Самараи талошу кӯшиш
Ироқчӣ: Тарсе аз ҷанг надорем

Матолиби пурбоздид