Ҳусиҳо иштибоҳан киштии бории озими Эронро заданд

Ҳусиҳо иштибоҳан киштии бории озими Эронро заданд

Ахбори байналмилал

Reuters

Артиши Омрико эълом кард, Ҳусиҳои Яман (ҷунбиши Ансоруллоҳ) рӯзи душанбе (12 феврал) 2 мушак ба як киштии бории озими Эрон дар баҳри Сурх шиллик карданд, ки мунҷар ба садамоте ҷузъӣ ба киштӣ шуд, аммо осеби ҷиддӣ ба киштӣ ва хадамаи он ворид нашуд.

Ба гузориши Reuters, Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (CENTCOM) эълом кард: шибҳинизомиёни Ҳусии мавриди ҳимояти Эрон, 2 мушак аз манотиқи таҳти контроли худ дар Яман ба самти Бобулмандиб шиллик карданд.

Бар асоси ин хабар, ҳар 2 мушак ба самти киштии MV Star Iris, ки як киштии бории мутаъаллиқ ба Юнон ва бо парчами ҷазоири Моршол, ки аз баҳри Сурх убур мекард, партоб шуд.

Бино ба эъломи манобеъи омрикоӣ, ин киштии борӣ ҳомили маҳмулаи зуррати (ҷувор) бразилӣ ба самти Эрон будааст.

Тибқи гузориши CENTCOM ва таҷзия ва таҳлили Муассисаи Kepler (як маркази радёбии киштӣ) киштии Star Iris ҳомили маҳмулаи зуррат аз Бразил ба Эрон будааст.

Ансоруллоҳи Яман мегӯяд, то замоне, ки ҷанг ва муҳосираи золимонаи Ғазза аз сӯйи Исроил идома дошта бошад, ба ин ҳамалот идома хоҳанд дод.

Reuters

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷоҳилият – Y
Маод – XYII

Матолиби пурбоздид