Банглодеш; ҳукми эъдоми нахуствазир содир шуд
Ахбори байналмилал
Бар асоси гузоришоти расида, Шайх Ҳасина – нахуствазири собиқи Банглодеш, ба ҳукми ғиёбии додгоҳ, ба эъдом маҳум шуд.
Шайх Ҳасина, моҳи декабри соли 2024 дар пайи эътирозоти мардумӣ аз нахуствазирӣ барканор шуда буд.
Ахиран додгоҳи Банглодеш 17-уми октябр Шайх Ҳасинаро ба “ҷиноят алайҳи башарият” маҳкум кард.
Додгоҳ Ҳасинаро ба саркӯби маргбори муътаризон гунаҳкор донист.
Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, пас аз эълони ҳукми мазкур, ҳозирон дар толори додгоҳ изҳори хушнудӣ карданд.
Дар ҳоли ҳозир, Шайх Ҳасина ба Ҳинд фирор кардааст ва аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ худдорӣ карда ва ин додгоҳро фармоишӣ медонад.
Шайх Ҳасинаи 77-сола дар пайи эътирозоти густардаи мардумӣ, 5-уми августи соли гузашта истеъфо дода ва аз Банглодеш фирор кардааст.
Лозим ба ёдоварист, Ҳасина 15 соли ахир, нахуствазири Банглодеш буд.
qalamonline.net
Қаламонлайн













