Баргузории нахустин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе

Баргузории нахустин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе

Ахбори минтақа

Нахустин ҳамоиши муштараки руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Душабе баргузор шуд.

Нахустин ҳамоиши руасои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони “Равобити дуҷонибаи Узбекистон ва Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши олӣ, улум ва навоварӣ ба унвони мабное барои рушди иқтисоди миллӣ”, ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд.

Дар  ин ҳамоиш, ки ба раёсати Раҳими Саъидзода вазири омӯзиш ва улуми  Тоҷикистон ва Иброҳим Абдураҳмонов вазири омӯзиши олӣ, илм ва навоварии Узбекистон ширкат баргузор шуд, ҳарду тараф, дар хусуси зарфиятҳо ва авлавиятҳои ҳамкориҳо дар заминаҳои марбута изҳори назар намуданд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар замони таҳавуллоти пуршитоби иртиботот, ҳамкориҳои донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва омӯзишӣ бисёр арзишманд аст. Бино бар ин, таҳким ва густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар расидан ба равобити старатежик кумак хоҳад кард. Дар ин росто вуҷуди иродаи қотеи руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон барои таъмиқ ва рушди равобити ҳамаҷонибаи байни Душанбе ва Тошканд фавқулода муҳим дониста шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳуроти мухолифин дар остонаи сафари Раҳмон
Пешниҳоди тарҳи сулҳ аз тарафи Путин пазируфта шуд

Матолиби пурбоздид